Ахиран дар пойтахти Украина, шаҳри Киев мулоқоти сафири Тоҷикистон дар ин кишвар бо соҳибкорони украинӣ баргузор шуд.
Шӯҳрат Султонов, дар назди тоҷирон суханронӣ намуда, ба густариши ҳамкориҳои иқтисодии ду кишвар, аз он ҷумла, дар соҳаи энергетика, саноат ва кишоварзӣ таваҷҷӯҳи хоса зоҳир намуд. Дипломати тоҷик ҳавасманд будани Тоҷикистонро ҷиҳати иштироки соҳибкорони украинӣ ба хотири татбиқ намудани лоиҳаҳои муҳими сармоягузорӣ ва таъсис додани корхонаҳои муштарак дар бахшҳои иқтисоди Тоҷикистон таъкид намуд.Дар рафти вохӯрӣ масъалаи дар назди сафорат таъсис додани шӯрои домии соҳибкорони Тоҷикистону Украина ба миён гузошта шуд, ки мақсад аз он ҳамоҳанг намудани фаъолияти соҳибкорони ду кишвар ва рушди самараноки ҳамкориҳои иқтисодӣ мебошад.
Тавре ба хабаргузории «Озодагон» аз дафтари матбуотии вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон иттилоъ доданд, дар баробари масъалаҳои ҳамкориҳои иқтисодӣ дар вохӯрӣ инчунин масоили марбут ба инкишофи алоқаҳои гуманитарӣ, тавсеа бахшидан ба ҳамкориҳои мутақобилан судманд дар соҳаҳои ҳуқуқ, фарҳанг ва маориф муҳокима шуданд. Тасмим гирифта шуд, ки дар арафаи ҷашнгирии 20-солагии истиқлолияти ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо ширкати телевизионии Украина барномаи махсус ва филми мустанад дар бораи Тоҷикистон омода хоҳанд гашт.Дар рафти мулоқот ҷонибҳо дар якҷоягӣ бо аъзои созмони ҷамъиятии кумитаи ҳамёрии “Украина-Тоҷикистон” ба қароре омаданд, ки ҷиҳати дастгирии ҳуқуқи муҳоҷирони тоҷик аз ҳисоби ҳуқуқшиносон гурўҳе таъсис медиҳанд. Ҳамчунин, ҷиҳати рушд ва тарғиби фарҳанг, санъат ва забони тоҷикӣ қарор шуд, ки дар назди сафорат ансамбли рақсии кӯдакона ва курсҳои таълими забонҳои тоҷикӣ ва форсӣ ташкил хоҳанд ёфт.{jathumbnail off}
Мӯҳр