Гуруснанишинии Сафват Бурҳонов ва даҳ пешниҳод ба ҳукумат
Сафват Бурҳонов, хабарнигори тоҷик, бо пахши номае аз “гуруснанишинии бемуҳлати сиёсӣ”-аш хабар дод. Ӯ дар номае, ки рӯзи шашуми июн тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ дастраси ҳамагон кард, гуфт, “бо камоли масъулият ва дарки пайомади рафтори худ” ба ин кор даст задааст.
Оқои Бурҳонов дар ин номаи худ навишт, “вазъи сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоии кишварро, ки давоми солҳои истиқлолияти кишвар мушоҳида мекунам, ба тадриҷ рӯ ба қафо меорад. Дар ин давом инсон чеҳраи худро ҳамчун мавҷуди олӣ аз даст дод. Инсон, дар кишвари ман ба махлуқи беҳуқуқ табдил ёфт. Кулли сохторҳои давлатӣ фалач шуда, ба рукуди бебозгашт гирифтор шудаанд.”
Ин хабарнигори тоҷик дар идомаи номааш аз фасоди густурда ҳам нигаронӣ карда ва гуфтааст, “сохторҳо ва созмонҳои байнулмилали муқими Тоҷикистон низ умуман аз вазифаҳои худ фаромӯш кардаанд. Онҳо низ фасодолуда шудаанд.”
Бо таваҷҷуҳ ба ин ҳама мушкилот, Сафват Бурҳонов даҳ пешниҳоди худро барои беҳбуди вазъ дар Тоҷикистон ироа кардааст. Нахустин пешниҳоди оқои Бурҳонов ин аст, ки “ҳайати бебарори роҳбарияти сохторҳои иқтисодии кишвар пурра нав карда шавад.”
Пешниҳодҳои дигари оқои Бурҳонов дар бораи берун рафтан аз бунбасти сунъӣ, ислоҳоти оҷили нерӯҳои мусаллаҳ, табдили раҳбарияти бахши кишовразӣ ва об, ҳимоят аз ҳуқуқи муҳоҷирон, табдили раҳбароне, ки дар курсиҳои давлатӣ шах шудаанд, рабт дорад.
Вай ҳамчунин пешниҳод кардааст, ки “маблағҳои аз Тоҷикистон ғорат шуда, дар бонкҳои хориҷӣ пинҳонкардаи шаҳрвандони Тоҷикистон ба ватан бояд баргардонда ва моликияти ғайриманқули дар хориҷа харидаи онҳо миллӣ карда шаванд; созмонҳои байнулмилал ҳайати фасодзадаи Тоҷикистонии худро бояд нав кунанд; қонунҳо бояд дар навбати аввал манфиати инсонро ҳимоя кунанд.”
Ин номаи Сафват Бурҳонов дар ҳоле навишта шуда ва ӯ даст ба “гуруснанишинии бемуҳлати сиёсӣ” задааст, ки чанд рӯз пеш ӯ матлаберо бо номи “Маҳоратамро мефурӯшам ё чаро маҷбурам бо оппозитсия пайвандам” нашр карда буд. Сафват Бурҳонов қаблан дар нашрияҳои “Нерӯи сухан” ва “СССР” ҳам кор карда, муассиси созмоне бо номи “Салом” мебошад, ки ҳадафаш ба нармиш овардани муносиботи Тошканду Душанбест.Дар акс: Сафват Бурҳонов, хабарнигори тоҷик
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |