Бахшҳо

То президент дахолат накунад, мушкиле осон намешавад?

Абдулазизи ВОСЕЪ


Дар Тоҷикистон ба назар мерасад, ҳеч коре бидуни дахолати президент ҳал намешавад. Раисиҷумҳур агар супориш дод, дар зудтарин фурсат ба қазия расидагӣ мекунанд, агар президент дахолат накард, мушкил ҳалношуда боқӣ мемонад.

Мисоли рӯшан қазияи ширкати “Мовароуннаҳр” бо мақомоти додситониву додгоҳ метавонад бошад. Муштариёни ин ширкат беш аз ду сол аст, ки ба қавле дари суду прокуратураро охурча карданд, аммо касе ба додашон нарасид. Ахиран вақте мизоҷони ин ширкат аз тасмим дар мавриди гирдиҳамоӣ бо талаби аз ҳабс раҳо кардани биноҳои мансуб ба «Мовароуннаҳр» эълон карданд, роҳбари давлат ба мактуби онҳо посух гуфт. Баъдан мақомоти дахлдор низ дархости мизоҷонро қонеъ карданд ва ҳоло ширкат иҷозаи бунёди сохтмонҳои мавқуфгузоштаашро ҳам пайдо кардааст.

Ҳоло тасаввур намоед, агар президент ба мушкили муштариёни ин ширкат дахолат намекард, тақдирашон то куҷо мерафт?

Як нукта ҳайратангез аст, ки мақомоти Тоҷикистон ҳатто аз таҷрибаи худ ибрат намегиранд. Ҳамин қазияи муштариёни “Мовароуннаҳр”-ро пеши назар оред. Онҳое, ки мехостанд эътироз кунанд, даст ба тазоҳурот зананд, дар посух дасту остин барзада ба тамизкории шаҳр камар бастанд. Шанбегӣ ташкил намуданд. Яъне, мувофиқи салом ҷавоби муносиб доданд. Аз ин бармеояд, ки агар ҳукумат рӯ ба мардум орад, мардум низ тарафи ҳукумат хоҳад рафт.

Ҳамеша имкон дорад, ки эътимоди мардумро ба даст овард. На бо таърифҳои болохонадору ба ҳадди ифротрасида ва на бо тарс додану дасти зӯр. Бо меҳрубонӣ ва хизмати содиқона мешавад ба қалби мардум роҳ кушуд. Агар масъулин сари вақт масъаларо ҳамаҷониба баррасӣ мекарданд, ҳоҷат ба дахолати президент набуд. Аслан чӣ зарурат дошт ба ҳабс гирифтани биноҳои «Мовароуннаҳр»? Давоми ин се сол имкон буд, чанд бинои нимсохти он бунёд шуда, даҳҳо нафар соҳиби манзил шаванд. Агар раиси ширкат Ҷӯрабек Охунов воқеан ҷиноят содир намуда бошад ҳам, биноҳои нимтайёру муштариёни ширкат чӣ гуноҳ доштанд? Чаро бояд муштариён ҳам ранҷ кашанд?

Агар ин навбат президент дахл намекард, номаълум буд, боз барои чанд соли дигар қазияро кашол медоданд. Ба ҳар сурат, номаълум буд, ки дигар мизоҷон тоқати интизориро доштанд, ё хайр. Сабурии онҳо низ ҳад дорад ва рӯзе ҳатман косаи сабрашон лабрез мешуд. Шояд, дар «боло» эълони тасмими гирдиҳамоиро ба маънии тоқ шудани тоқат фаҳмиданд?

Қазияи хабарнигори бахши узбакии Бӣ-Бӣ-Сӣ Урунбой Усмоновро ба хотир биёред. Мақомот ӯро моҳи июни соли 2011 бо иттиҳоми ҳамкорӣ бо Ҳизби мамнуъшудаи Таҳрир боздошт карданд. Ин қазия сару садоҳои зиёдеро ба миён оварда, бо вокуниши шадиди созмонҳои ҷаҳонии дифоъ аз ҳуқуқ рўбарў шуд. Ин масъала замоне ҳали худро ёфт, ки президент ба он дахл кард. Урунбой Усмоновро аз толори додгоҳ раҳо намуданд.

Албатта аз ин қабил мисолҳо кам нестанд, ки раисиҷумҳур дар ҳоле ба масъала дахл мекунад, ки вазъият хеле ҳасос шудааст. Бо як амр ё супориши ӯ мушкилро зуд бартараф мекунанд. Ҳоло ҳама гўш ба қиморанд, ки оё президент дар мавриди Зайд Саидов, соҳибкори шинохта ва собиқ вазири саноат чизе мегӯяд, ё на. Ҷаноби Саидов баъд аз эълони тасмим дар мавриди ҳизби Тоҷикистони нав боздошт шуд. Мақомот ӯро дар тақаллуб, чандҳамсарӣ ва сӯистифода аз мақом муттаҳам мекунанд.

Ба назар мерасад, мансабдорони тоҷик ҳамеша интизори супориши президентанд. Агар ҳама ба умеди ишора ва дахолати раисиҷумҳур бошанд, пас, ин қадар курсинишинон ба чӣ кор меоянд? Агар додгоҳу додситонӣ барои ҳалли масоили ҳуқуқии шаҳрвандон чораи лозимӣ наандешанд, ҳастиашон чӣ маънӣ дорад?

Мардум ҳам дигар ин масъаларо дарк кардаанд ва умеди охиринашон президент аст. Онҳо медонанд, ки агар сарвари давлат амр кард, ҳатман мушкилашон ҳал мешавад. Ва дарза-дарза мактубҳо унвонии ӯ мефиристанд. Ба идораи нашрияҳо овардани нусхаи ин номаҳо далели гуфтаҳои болоянд. Аммо воқеият ин аст, ки на ҳамаи муаллифон посухи номаи худро дарёфт мекунанд. Баъзеҳо мегӯянд, чандин бор ба президент мактуб фиристода, аммо ҷавобе нагирифтаанд.

Баъзан ҳатто барои оддитарин корҳо масъулин интизори супориши президент мешинанд. Президент дар паёми чанд соли пеш ба парлумон аз зарари телефонҳои мобилӣ гуфт ва телевизионҳову муассисаҳои таълимӣ ҳафтаҳои дароз аз зиёни телефони ҳамроҳ гуфтанд.
Барои ба ватан баргаштани Бозор Собир ҳам дахолати президент зарур шуд. То он вақт даъват аз Бозор он тараф истад, касе аз масъулин дар матбуот ёрои дар мавриди ӯ суҳбат кардан ҳатто номашро гирифтанро надоштанд.

Чунин мисолҳо зиёданд, вале суоли посухҷӯ ин аст, ки оё чунин шакли давлатдорӣ мувофиқ ба мақсад аст? Агар бе дахолати президент мушкиле осон нагардад, дигар ниҳодҳо ба чӣ дарде мехӯранд? Ва ниҳоят то чанд метавон ба ин тарз зист?
Мӯҳр
Галчабек
Дуруст кайд намудед, ДУСТИ АЗИЗ!........Вокеан ин тур аст

Dushanbegi
Эх баробар, Холо марудм хатто барои расидаги ба адолати дар бахсхои граждании оилави низ ба Президент умед мебанданд. Фасод то хадде реша давондааст, ки дар толорхои суд гуши шунаво ва чашми адолатбин нест... Мачбур умед ба Худо ва президент мебанди, дигар чи кор мекуни?

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)