Баҳси 12 млн $ барои Тоҷикистон дар ҳукумати Русия
Имрӯз, 6-уми июн ҳукумати Русия масъалаи ҷудо намудани маблағ барои беҳтар намудани таъминоти ғизо дар макотиби Тоҷикистону Қирғизистонро баррасӣ мекунад.
Тавре дар рӯзномаи ҷаласаи имрӯзаи ҳукумати Русия омадааст, ҷудо намудани 12 миллион доллар барои Тоҷикистон ва 10 миллион доллар барои Қирғизистон яке аз 10 масъалаи баррасишаванда хоҳанд буд.
Ба иттилои мақомоти рус ин маблағҳо дар доираи созиши ҳукумати Русия бо Барномаи ҷаҳонии озуқаи СММ ҷудо мегарданд. Дар доираи ин созиш дар назар аст, ки ба Тоҷикистон 5 ҳазору 560 тон ва ба Қирғизистон 2 ҳазору 469 тона ғизои истеҳсоли Русия тавассути худи созмонҳои русӣ интиқол ёбанд.
Мақсад аз лоиҳа коҳиши таъсири буҳронҳо ба қишри осебпазири ҷомеа арзёбӣ мешавад.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |