Торнамои "Озодагон" аз ҳамаи онҳое, ки вақти худро дареғ надоштаву барояш нома мефиристанд, изҳори сипос мекунад. Ҳоло як нома аз Абдуманнон Шералиев ба дасти мо расида, ки фикр мекунем, ибратомӯз хоҳад буд. Бо нашри ин нома, аз Шумо ҳам мехоҳем, агар гуфтание доред, ба адреси мо бифристед: ozodagonweb@gmail.com
Дар Екатеринбург (Русия) дӯсте дорам, бо номи Фарҳод. Яке аз он нафаронест, ки буданашон бурди миллати мост. Ҳеч кумакеро аз ҳеч касе дареғ намедорад.
Дар хонааш меҳмон будам ва ду қиссаи ачиберо нақл кард. Ӯ гуфт, “ҳар гоҳе дар интернет тарҷумаи русии ояте аз Қуръон ё ҳадиси паёмбар (с)-ро пайдо мекардам, дар “девор”-ам мегузоштам. Рӯзе зери яке аз чунин гузоштаҳоям зани русе, ки баъдан маълум шуд, аз шаҳри Запорожетси Укроин будааст, шарҳе навишт ва чанд сония баъд аз ман дархости дӯстӣ кард.”
Ба қавли дӯстам Фарҳод, аввалин суоли зан ин будааст, «ман китоби зиёде мехонам, аммо ҳеч ҷое суханоне ба ин хубӣ, ки ту менависӣ, пайдо накардаам. Ин суханони чӣ касеанд?»
Фарҳод дар посух гуфтааст, «он китобҳое, ки ту мехонӣ, навиштаи башаранд, аммо он чӣ ман дар деворам мегузорам, аз китоби холиқи башар ва фармудаҳои паёмбараш (с) аст.»
“Пурсид, ки чигуна мешавад ин китобҳоро пайдо кард? Чанд нишонии интернетиеро, ки медонистам, равон кардам. Ҳар гоҳ чизе намефаҳмид, суол мекард. Рӯз аз рӯз донишаш зиёдтар ва суолҳояш мушкилтар мешуданд. Ман, ки таҳсилдида нестам, аз посух гуфтан ба пурсишҳояш мушкилӣ мекашидам ва мегуфтам сабр кунад, то аз донишманде бипурсам. Бад-ин минвол чанд моҳе гузашт ва рӯзе ҷумлае навишт, ки наздик буд аз хурсандӣ ба ҳаво бипарам: «Мехоҳам, мусулмон бошам!» Гуфтамаш марҳабо, нури дида тоҷи сар!”,-нақл кард дӯстам Фарҳод.
Дар идома сӯҳбати онҳо ба ин шакл идома ёфтааст:
-Агар мусалмон шудам, чӣ ҳадяе бароям медиҳӣ?
-Ҳарчи хостӣ!
-Ҳарчи хостам?!
-Бале, харчи хостӣ. Ва агар тавонашро надорам, иншоаллоҳ Парвардгорам кумак мекунад.
-Намехоҳӣ шайх бошӣ?
-Шайх? Яъне чӣ гуна?
-Шайхҳо, ки чанд хонум доранд…
-Хуб, чаро не? Ҳадяе, ки мехоҳӣ ҳамин аст?
-Бале! Чигуна бояд мусалмон шавам?
-Бояд ғусл намоӣ, либосеро, ки сатри авратат бошад, бипӯшӣ ва биравӣ масҷид. Онҷо хоҳанд фаҳмонд, ки чӣ кор бояд кунӣ.
-Кори мушкил ки нест?
-На, танҳо гуфтани калимоти зебоест: Ло илоҳа иллаллоҳу Муҳаммадур расулуллоҳ, яъне нест Худое ҷуз Аллоҳ ва Муҳаммад (с) паёмбари Ӯст.
Як ҳафта бад-ин минвол сипарӣ шуд, ки ҳар бегоҳ менавишт – рӯзи дароз гаштам, аммо масҷиде пайдо накардам. Ниҳоят гуфтамаш то ба бозор биравад ва онҷо мусалмонеро пайдо кунаду суроғи масҷидро гирад. Бегоҳи он рӯз навишт, ки дар бозор марди чеченеро бо номи Умар пайдо кардааст ва суроғи масҷидро аз ӯ пурсидааст. Он мард дар тааҷҷуб афтода пурсидааст, ки масҷидро чӣ кор мекунӣ? Чун фаҳмидааст, ки мехоҳад Исломро қабул кунад, гуфтааст, фардо биёяд то ба масҷид бибарадаш. Фардои он рӯз ба телефонам аз Укроин занг заданд. Бардоштам, ки марде худро Билол муаррифӣ кард ва гуфт, хуш ба ҳолат бародари ҷон! Мо солҳост дар ин шаҳр ба даъват машғулем ва тавонистем танҳо 13 нафарро бо иҷозаи Худованд ба Ислом биёварем, аммо ту аз чунин дурӣ дар чан рӯз як нафарро ба сафи мо пайвастӣ. Муборакат бод, ки хонум омад ва Исломро қабул кард! Гуфтам, мо бо хонум аҳд кардаем, ки никоҳ кунем. Гуфт бархезу биё, хонаи ман, хонаи туст, то омаданат ман ҳама чизро барои тӯй омода мекунам, тӯйро дар хонаам барпо мекунем.
Вақте омадам Билол маро дар фурудгоҳ пешвоз гирифт ва мисли бародари ҷонӣ ба оғӯш кашид. Дар хонааш тамоми нозу неъматро омода кардаву меҳмонони зиёдеро даъват карда буд. Чеченҳо гӯиё хешони ман буданд, ки ҳам хидмат мекарданду ҳам хурсандӣ. Ончунон пазироӣ карданд, ки аслан эҳсоси бегонагиву мусофирӣ накардам. Баъд аз тӯй хостам ба Билол масрафи онро бипардозам, ки қабул накард. Гуфт, оини бародарӣ ин аст дигар.
Онҷо 10 рӯз мондам. Завҷаи тозамусалмонам то ҳадде меҳрубон буд, ки гоҳо хиҷолат мекашидам. Вақте аз меҳрубонии зиёдаш эътироз мекардам, мегуфт, ҳанӯз қисме ҳам аз меҳрубонии занони паёмбар (с)-ро накардааст. Исломро ба маънии томи он қабул карда буд ва ман аз рафтори ӯ мусалмонӣ меомӯхтам!
Ҳар моҳ ба диданаш меравам. Он қадар меҳрубоние дорад, ки гумон мекунам дар биҳишт афтидаам…
Абдуманнон ШЕРАЛИЕВ