Сӯхтор дар нуқтаи фурӯши сӯзишворӣ, дар кӯчаи Карамови шаҳри Душанбе, ки соатҳои 13:00-и имрӯз, 5-уми июн, сар зад, айни ҳол пурра хомӯш гардид.
Дар ин бора ба хабаргузории "Озодагон" аз Хадамоти оташнишонии Тоҷикистон иттилоъ доданд.
Ба иттилои ин ниҳод айни ҳол сабабҳои сар задани сӯхтор ва хисороти он таҳқиқ мешаванд. Масъулини оташнишонӣ таъкид мекунанд, ки дар натиҷаи сӯхтор талафоти ҷонӣ сабт нашудаст.
Мӯҳр