Ҳукми боздошт ва ҳабси раиси Иттиҳоди мусулмонони Қазоқистон
Мурод Телибеков, раиси Иттиҳоди мусулмонони Қазоқистон, ба муҳлати 7 шабонарӯз ба ҳабс гирифта шуд.
Дафтари матбуоти Вазорати умури дохилии Қазоқистон хабар додааст, ки додгоҳи шаҳри Алма-Ато Мурод Телибековро дар вайрон кардани “Қонуни маъмурӣ оид ба ташкилу гузаронидани гирдиҳамоию роҳпаймоиҳои мусоламатомез”-и ин кишвар муттаҳам намуда, ба муддати 7 шабонарӯз аз озодӣ маҳрум кардааст.
Ба иттилои манбаъ, баъд аз анҷоми мурофиа раиси Иттиҳоди мусулмонони Қазоқистон ба боздошгоҳи муваққатӣ интиқол ёфтааст.
Рӯзи 3-уми июн Иттиҳоди мусулмонони Қазоқистон варақаи иттилоотиеро ба сокинон тақсим намуд, ки дар он аз Ахмедҷон Есимов, ҳокими шаҳри Алма-Ато, даъват шуда буд, то барои вохӯрӣ бо аҳолӣ рӯзи 4-уми июни соли ҷорӣ ба назди бинои шаҳрдорӣ ҳозир шавад. Инчунин, дар ин варақа таъкид шуда буд, ки агар ҳоким дар мавриди амнияти худ шубҳа дошта бошад, ин ниҳод омодааст, ӯро бо муҳофиз таъмин намояд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |