Парлумон дар мавриди ТАЛКО ба Тошканд ҷавоб медиҳад

Парлумони Тоҷикистон ба иддаои мақомоти Узбакистон дар мавриди зиёни корхонаи алюминиюми тоҷик, Талко, ба ин кишвар ҷавоб хоҳад гуфт. Ахиран сафорати Узбакистон дар Латвия бо баргузории ҳамоише таъкид кард, ки танҳо дар панҷ соли охир зиёни Талко беш аз 440 миллион доллар буда, аз партовҳои заҳрогини ин корхона садҳо ҳазор таҳти хатаранд.
Маҳмадшариф Ҳақдодов, раҳбари кумита оид ба масоили аграрӣ ва муҳити зисти парлумони Тоҷикистон, рӯи панҷуми июн ба “Озодагон” гуфт, бино бар зиёд шудани сару садои Узбакистон дар мавриди зарари Талко кумитаи онҳо тасмим гирифтааст, то онро беҷавоб нагузорад.
“Узбакистон дар тамоми муроҷиати худ ҳамеша аз зарари муҳити зисташ мегӯяд. Онҳо далелҳои беасос пешниҳод мекунанд. Ҳоло он ки дар сурати ҷиддан ба баррасӣ гирифтани ин масъала, мо метавонем исбот намоем, ки Талко ва умуман пружаҳои энержии Тоҷикистон ба ҳифзи муњити зисти Узбакистон ҳеч осебе намерасонанд.”
Маҳмадашриф Ҳақдодов гуфт, ҳоло аъзои кумитаи аграрӣ ва муҳити зисти парлумон масъалаи таҳияи як муроҷиатнома ба мақомоти Узбакистонро мавриди баррасӣ қарор дода, аз хулосаи хабарнигоронро огоҳ хоҳанд кард.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |