Агентӣ дар мубориза бо мухаддирот аз сокинони Рушон пуштибонӣ хост
Кормандони Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Тоҷикистон аз зимни гузарондани корҳои фаҳмондадиҳӣ дар ноҳияи Рушон аз мардум даъват кардаанд, ки дар мубориза бо мухаддирот фаъол бошанд.
Ба иттилои дафтари матбуотии Оҷонсии мубориза бо мухаддирот, палковники агентӣ Шерғозӣ Содатқадамов, рӯзи 4-уми июн, зимни ҷаласаи фаъолони ноҳия вазъи мухаддиротӣ дар Тоҷикистон, аз ҷумла вилояти Бадахшон ва инчунин ҷумҳурии Афғонистонро баррасӣ намуда, қайд кардааст, ки самаранокии мубориза бо мухаддирот пеш аз ҳама ба дастгириву пуштибонии ҳамаи қишрҳои ҷомеа вобаста мебошад.
Агентӣ мегӯяд, баъди муҳокимаю баррасиҳо, дар поёни мулоқот бо фаъолони Рушон қарор шуд, ки кормандони Агентӣ дар якҷоягӣ бо мутахассисони соҳаҳои маориф, тандурустӣ, идораҳои кор бо ҷавонон, занон ва оила дар байни аҳолӣ ва пеш аз ҳама дар байни ҷавонон ва наврасони ноҳияи Рӯшон чорабиниҳои пешгирикунанда гузаронанд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |