Раҳбари ФМС хост, кормандонаш забони муҳоҷиронро омӯзанд
Олга Кириллова, раҳбари Хадамоти федералии муҳоҷирати Русия дар Маскав мегӯяд, барои танзиму назорати беҳтари муҳоҷирон кормандони хадамоти муҳоҷират бояд забони муҳоҷиронро омӯзанд.
Кириллова дар суҳбат бо хабаргузориҳои русӣ гуфтааст, “аз муҳоҷирон талаб мекунем, ки забони русиро донанд, аммо онҳое, ки аз болои муҳоҷирон назорат мекунанд, забонашонро намедонанд. Бояд мутахассисоне омода созем, ки забондон бошанд, чун вақте муҳоҷирон мехоҳанд, чизеро пинҳон доранд, бо забони худашон муошират мекунанд.”
Баробари ин Кириллова зарур мешуморад, ки маъмурини бахши муҳоҷирати Русия аз малакаи оперативӣ-ҷустуҷӯи низ бархӯрдор бошанд, чун ба гуфтаи ӯ "айни ҳол ба Русия дар баробари муҳоҷирони корӣ, афроде ҳам меоянд, ки мехоҳанд созмони ҷиноии худро ташкил кунанд.”
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |