Ғурури миллӣ аз ҳеч намерӯяд
Ҷомеа аз мо натиҷаи корро мехоҳад. Натиҷаи корро меҳнат, кӯшиш, амал нишон медиҳад, на чизи дигар. Мо хубем, бадем, ин барои дӯстону пайвандон аст, на барои ҳосилу натиҷаи кор.
Кор моро ба пешрафт мебарад. Кор моро аз ҳама бӯҳронҳо наҷот медиҳад. Кори мағзҳо, кори нерӯҳо.
Ва ҳақ бар ҷониби шоир Бозор Собир аст, ки мегӯяд мо идеали миллӣ надорем, то битавонем ба он пайравӣ кунем.
"Шоҳнома"? Бале, "Шоҳнома" шоҳнома аст, на тоҷикнома.
"Тоҷикон"-и Ғафуров. Беҳтарин аст, аммо дар он роҳи наҷот нишон дода нашуда аст.
Хайр, пас чӣ кунем? Ба шахсиятҳо рӯй оварем ё такя кунем? Бошад. Шахсият кист?
Исмоили Сомонӣ?
Рӯдакӣ?
Саъдии Шерозӣ?
Деваштич?
Спитамен?
Темурмалик?
Восеъ?
Аҳмадшоҳи Масъуд?
Онҳо кори худро карданд. Хуб ё бад, дигар гузашту рафт. Онҳо дигар моли таъриханд. Чанд рӯз пеш дар саҳифаи рухномаам (Фейсбук) аз дӯстон хоҳиш карда будам, ки ягон хотирае аз устоди варзиш, ҳунарманди тоҷик, Мӯсо Исоев дошта бошед, бинависед то барои филмбардорӣ истифода шавад. Касе вокуниши ҷиддие нишон надод. Ин ҷои таассуф надорад?
Имрӯз мисле, ки касеро ба касе коре нест. Ҳар кас бояд худаш ягон бало кунаду роҳи худашро биёбад.
Хуб, бошад. Аммо ба назар менамояд, ки мо тоҷикон миллати истисноием. Ҳар кадоми мо мехоҳем дар ҷои аввал бошем. Бигзор бародар набошад, бигзор ҳамсоя набошад, бигзор дӯст набошад, бигзор ман бошам, мегӯем ба худ. Ҳамин аст, ки касе намебарояд аз даруни мо. Ҳамин аст, ки касе намерӯяд.
Мо имрӯз бо дасти худ якдигарро пахш мекунем. Ба ҷои он ки дасти якдигарро бигирем. Миллат пас чӣ кор кунад охир? Ба кадом шахсиятҳо такя кунад?
Вақте кас таърихи шахсиятҳоро мехонад, бисёр нозукиҳоро барои худ кафш мекунад. Бовар кунед, ягон нафаре аз шахсиятҳои таърихсоз инсони нотакрор нест. Касе аз онҳо ба он бузургие нарасидаст, ки такрорнашаванда бошад. Ҳамаи онҳо инсонҳои оддӣ буданд, мисли ману шумо. Вале онҳо як хислате доштанд, ки онҳоро бузургтар аз мо кард. Ин хислат боварӣ ба худ ном дорад.
Боварӣ ба таърих не, боварӣ ба молу мулк не, бовари ба худ, ба нерӯи худ. Боварӣ ҳам бояд албатта аз ҷое қувва гирад. Аз оила, дӯстон, ҳамнишинон, мактабу донишгоҳ. Боварӣ худ аз худ намесабзад.
Мисол, бигирем шахсияти Аҳмадшоҳи Масъудро. Масъудро на падараш, на модараш, балки бибиаш калон кард. ӯро афсонаҳову асотирҳои бибиаш то ба ин бузургӣ расониданд.
Ҳатто як афсонанависи хуб ҳам набаромад дар ин солҳои охир, ки ба дили кӯдакони мо ғурури тоҷикиро бикорад. Барои чӣ имрӯз мардуми мо рӯй ба ҳиҷрат оварданд? Аз дасти мо, аз дасти ҳукумати мо, аз дасти ҳамсояи мо, аз дасти бародари мо.
Онҳоро чӣ бояд инҷо нигоҳ дорад. Кӯҳҳои осмонбӯс? Мардум имрӯз ба Кайҳон мебароянд, ки аз онҷо кӯҳ чун аз як нуқтае беш наменамояд. Онҳоро боварӣ ба он авҷ расонид. Иттиҳод ба он дараҷа расонид. Магар мешавад бе ягон замина, тани танҳо ба Кайҳон парид?
Ман чаро аз кайҳон ҳарф мезанам? Мо куҷову фикри кайҳон? Ба замин бояд фуруд омад. Аз одитарин шароит бояд гуфт. Аз барқе, ки ним сол моро тарк мекунад, аз оби ошомиданӣ, ки имрӯз ба қабати дуюми бино намебарояд…
Халил ҚАЮМЗОДPS: Ин матлаб назари шахсии муаллиф аст
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Декабр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 |
2 | 3 | 4 | 5 | 6 | 7 | 8 |
9 | 10 | 11 | 12 | 13 | 14 | 15 |
16 | 17 | 18 | 19 | 20 | 21 | 22 |
23 | 24 | 25 | 26 | 27 | 28 | 29 |
30 | 31 | |