Мунтахаби Тоҷикистон бори чаҳорум Афғонистонро шикаст дод
Дастаи мунтахаби миллии футболи Тоҷикистон дар бозии дӯстона бо яккачини Афғонистон бо ҳисоби 3:2 дастболо шуд.
Ин бозии дӯстона 4-уми июн дар варзишгоҳи “Пахтакор”-и шаҳри Қӯрғонтеппа баргузор гардид. Бозигарони ҳарду даста дар нимаи аввали дидор ба дарвозаи якдигар дуголӣ заданд ва нимаи аввали сабқат бо ҳисоби 2:2 анҷом ёфт.
Бозигарони мунтахаби милли Тоҷикистон дар дақиқаи 74-уми нимаи дуюми дидор як голи дигар ба ҳадаф расонда, ҳисобро ба нафъи худ афзуданд.
Мунтахаби Тоҷикистонро дар ин сабқат Рустам Усмонов - менеҷер, Мубин Эргашев - иҷрокунандаи вазифаи сармураббӣ, Салоҳиддин Ғафуров - мураббии калон раҳбарӣ карданд.
Тими миллии Тоҷикистону Афғонистон то имрӯз се бор бо ҳам қувваозмоӣ кардаанд ва дар ин бозиҳо ҳамеша Тоҷикистон дастболо шудааст.
Натиҷаи дидорҳои қаблӣ чунин аст:
9-уми ноябри соли 2005. Бозии дӯстона дар шаҳри Душанбе баргузор шуда, бо ҳисоби 4:0 анҷом ёфт. Голҳоро Нӯъмонҷон Ҳакимов (28, 31), Хуршед Маҳмудов (45+1), Алиёр Ашӯрмамадов (67) ба нишон расонданд.
3-юми августи соли 2008. Дар доираи Ҷоми даъвати АФК ин ду тим дар Ҳайдарободи Ҳиндустон вориди рақобат шуданд. Натиҷаи ин бозӣ низ 4:0 ба нафъи Тоҷикистон буд. Юсуф Рабиев (14, 44, 56), Даврон Тухтасунов, (39) муаллифони голҳо буданд.
17-уми ноябри соли 2010. Бозии дӯстона дар шаҳри Душанбе. Ин дидор 1:0 хотима ёфт. Голи ягонаро Фаррух Чориев (33) зад.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |