Бахшҳо

Маҳмадсаид Убайдуллоев ваҳдатро аз нигоҳи дин шарҳ дод

Маҳмадсаид Убайдуллоев, раиси шаҳри Душанбе, дар арафаи ҷашни Ваҳдати миллӣ, ки 27-уми июн таҷлил мегардад, таҳдидҳои асосиро ба ваҳдати тоҷикон баррасӣ кардааст.

Убайдуллоев бо нашри як матлаб дар сомонаи шаҳрдорӣ изҳор доштааст, ки раванди ваҳдат дар як давлат ё ҷомеа на танҳо ба омилҳои дохилӣ вобаста аст: “Омилҳои берунӣ, аз ҷумла муносибатҳои байни давлатҳо, таҳдидҳои замони ҷаҳоншавӣ низ барои ҳалли масъалаи таҳкими ваҳдат ва субот дар минтақа ва ҷаҳон андешидани тадбирҳои якҷоя ва зарурро ба миён мегузоранд.”

Раиси Душанбе бо зикри аҳамияти Ваҳдат таъкид намудааст, ки “имрӯз баъзе неруҳои ҷаҳонӣ барои ҷорӣ кардани низоми ба худашон маъқул аз зӯроварӣ ва қувваҳои низомӣ низ истифода мекунанд. Вале ҷомеаи хушбахтонаи инсониро на ба воситаи зӯроварӣ ва фишорҳо, балки аз роҳи дониш ва такя ба ақлу хирад ва эҳтироми ҳуқуқи табиии дигарон барпо кардан имконпазир аст.”

Убайдуллоев дар қатори таҳдидҳо ба давлат ва ваҳдати миллӣ, хатарҳои экологӣ, терроризми байналхалқӣ, ҷинояткории трансмиллӣ, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, бештар шудани тамоили тундгароёнаи динӣ, афзудани бекориро номбар кардааст. Ба гуфтаи Убайдуллоев барои коҳиши таъсири ин омилҳо, ҳалли масъалаҳои мубрами ҷомеа, хусусан муҳоҷирати меҳнатӣ ва ҳифзи ҳуқуқҳои муҳоҷирон чораҳои зарурӣ андешида шудаанд ва кор дар ин самт идома дорад.

Раиси Душанбе меафзояд, ки дар шароити ҳозира ба ваҳдати миллии мо омилҳои идеологӣ–мафкуравӣ низ таҳдид мекунанд: “Роҳи пешгирифтаи мо - бунёди давлати дунявӣ, ҳуқуҳбунёд ва демократӣ аст. Ин меъёр дар Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷассум гардидааст ва тағйирнопазир мебошад. Ба ибораи дигар, мо дар радифи арзишҳои милливу диниамон ба арзишҳои дунявии умумибашарӣ арҷ мегузорем ва равандҳои демократиро фаъолона ва пайгирона дастгирӣ менамоем. Озодии сухан, озодии виҷдон ва гуногунандешӣ, ки рукнҳои асосии давлати демократӣ мебошанд, бояд дар доираи қонун сурат гиранд ва ба ҳеҷ ваҷҳ суботи ҷомеаро халалдор насозанд».

Убайдуллоев ҳушдор медиҳад, ки баъзе қувваҳо ба ваҳдати миллӣ ва суботи сиёсии ҷомеаамон манфиатдор нестанд. Барои истодагарӣ дар баробари ин таҳдидҳо Убайдуллоев зарур мешуморад, ки “бо истифода аз потенсиали ҳамаи рукнҳои давлатӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ, ҳизбҳои сиёсӣ ва ниҳодҳои дигари ҷамъиятӣ баҳри таҳкими ваҳдати миллӣ якҷоя фаъолият намуда, ҳимояи манфиатҳои давлат ва ҳар як шаҳрвандро вазифаи муҳимтарини худ шуморем.”

Убайдуллоев эътимоди ҷомеаро омили дигари бақои ваҳдат хондааст: “Аз ҷумла гирифтани маълумот, соҳиб шудан ба мақомҳои шоистаи иҷтимоӣ, бе мамониат пеш бурдани соҳибкории фардӣ ва ғайра омили асосии таҳкими ваҳдати миллӣ пазируфта шудаанд.”

Ба гуфтаи Убайдуллоев “эътимоди миллӣ на он қадар аз ҳаҷми захираи иқтисодии андӯхта, балки бештар ба он вобаста аст, ки якдилии иҷтимоӣ миёни қишрҳои гуногуни ҷомеа то чӣ андоза ташаккул ёфтааст.”

Убайдуллоев ваҳдатро аз нигоҳи дин ҳам шарҳ дода, аз ҷумла зикр кардааст, “Аз нигоҳи дини мубини ислом ваҳдат–мафҳумест, ки аз исми сифоти Илоҳӣ дар маърифати инсоният ҷой гирифтааст. Китобҳои осмонӣ ва Паёмбарон бо мурури замон ҷомеаи инсониро ба ягонагию ҳамкории миллатҳо ташвиқ кардаанд. Ба ақидаи исломӣ Офаридгор бо фиристодани Қуръони маҷид на танҳо дину миллату нажодҳоро ба ҳам овард, балки омилҳои тафриқаандозии байни косибону ҳунармандон, тоҷирону кишоварзон, ходимону хоҷагон ва ғайраро ноҷоиз шумурда, мардумони табақаҳои мухталифи ҷамъияту минтақаҳои гуногунро ба иттиҳоду ҳамбастагӣ ва ҳаёти осоиштаву мусолиматомез даъват намудааст. Дар Қуръони карим омадааст: «Якҷо ба дини Худо чанг бизанед ва ҷудоӣ накунед» (Оли Имрон, ояи 103). Дар сураи «Ҳуҷарот» ояи 10 мегӯяд: «Ҳамоно мӯъминон бародари ҳамдигаранд, пас дар байни бародаронатон сулҳу созиш барқарор кунед ва аз Худо битарсед, умед аст, ки мавриди раҳмати илоҳӣ қарор гиред». Паёмбари ислом хазрати Муҳаммад(с) фармудаҳои Офаридгорро ба тобеони худ низ ҳам дар пиндору гуфтор ва ҳам дар рафтор интиқол дод ва ба мусалмонон муроҷиат карда гуфта аст: «Эй мардум! Ҳар оина Парвардигори Шумо ягона аст ва ҳар оина падари шумо як кас аст. Огоҳ бошед, ки арабиро бар аҷамӣ ва аҷамиро бар арабӣ, сурхпӯстро бар сиёҳпӯст ва сиёҳпӯстро бар сурхпӯст фазлу бартарӣ нест, магар ба тақво ва парҳезгорӣ, ҳар оина гиромитарини шумо назди Худованд парҳезгортарини шумо аст».

Дар илова Убайдулоев аз қавли Абӯмӯсои Ашъарӣ ривоят овардааст, ки Расули Худо (с) фармуд: «Иртиботи як мусулмон бо мусулмони дигар монанди бинои деворест, ки як қисмати он қисмати дигарро маҳкам месозад». (Ривояти Бухорӣ ва Муслим)

Раиси Душанбе бо таассуф илова мекунад, ки бо мурури замон ин маърифати баланди ваҳдату якдилӣ дар натиҷаи ғаразҳои ноҷо осеб дида, ба ҳусни ахлоқи ҳамидаи исломӣ костагӣ ворид намуд: “Ҳанӯз аз замони хилофат ихтилофҳо вусъат ёфта, як навъ теша задан ба решаи ваҳдату ягонагии мардуми мусалмонро ба вуҷуд оварда, то ба имрӯз ин кашокашҳо идома ёфтааст.”

Убайдуллоев ваҳдати миёни инсонҳоро “хост ва моли Худо” унвон карда, таъкид намудааст, ки дар ояи 70-уми сураи Исро: «Ҳамоно, фарзандони Одамро гиромӣ кардем ва дар биёбону дар дарё онҳоро барнишондем; ва ба онҳо аз покизаҳо рӯзӣ додем ва онҳоро бар бисёре аз он чи офаридем фазли бисёре додем.»

Дар ҳамин ҳол Убайдуллоев таъкид кардааст, ки ҳамаи таҳдидҳо ба ваҳдату сулҳ бояд илман омӯхтаю тадқиқ шаванд ва барои бақои ваҳдат тамоми чораҳо андешида шаванд.
Мӯҳр
Офарин ба шумо чаноби мири шахр.. Инкадар ояту хадис дар васфи вахдат пайдо намудед, аз Худову расул ривоят намудед... Хадди аккал ягон оят е хадис пайдо кардед, ки то 18 солаги ба масчид рафтанро манъ карда бошад? е ин ки азон бо овози паст гуфта шавад? е ин ки ба як шахси мусалмон тухмат зада, уро аз мулло имоми сабукдуш кардед? дар 1400 сол чунин дар Куръони кариму ахдоси пайгамбар набуд ва наход пайдо шуд. Пас чи гуна шумо хак доред, аз Куръону хадис едрас шавед?

Taj Pen,
Офарин гапи хакка гуфти ...

Точикбача.
Ба кавли хоча хофиз .доми тазвир макун чун дагарон куръонро!!!

Аслидин
Мегум офтоб аз кадом тараф баромада бошад имруз дар Душанбе ки ин раиси мухтарам аз хадису Куръони карим ёдовар шудааст.Ба хар хол бехтарин Худованд имону тавфикатона зиёда гардонад.
Чихати дигараш хам хаст.Медонед чи? Агар не пас донед дар пеш Интихоботчон аст........

ман фикр мекунам чоноби убайдуллоев хамин навиштахоро хатто нахондаанд ходимонаш аз номаш менависанд вагарна ин ояхои курони таьсире дар дилаш мекарданд

аслидин охир мери шахро интихоб намекунанд ку кошки мер хам бо интихобот шавад
Аслидин,
Аслидин,
Аслидин,
Аслидин,
Аслидин,
Аслидин,
Аслидин,
Аслидин,

Чаврб ба обама
Бародар ту намедони ки Мери шахр номзадиашро дар президенти ояндаи Точикистон пешниход мекардагист шояд барои хамин бародар Аслидин вая навистаст

Ахсан ба шумо барин шахсиятхое,ки дар минбари сиёси истода номи худову паёмбарашро зикр кардаед.
худованд сафи ингуна шахсхоро зиёд гардон омин.
омин
омин
омин.

Мухочир
Ин кадар ояту хадис дар бораи бародариву якдигарфахми чамъовари кардаи аммо медони аз донистан то амал кардан чи кадар фосила хаст чаноби мир? Яхудихо низ медонистанд ки охирин Паёмбар меояд амо аз кабилаи онхо набуд инкор кардан. Шумо хам ин суханхои Илохиро ба хотири манфиатхои як гурух мехохи истифода куни амо иштибох мекуни зеро бо макру хилла то кай ин миллатро фиреб бояд кард? Бо як гуфтани сухани хак аз чониби М.Кабири ин судбозихоятро фаромуш кардаи?

Zamir
Voizon kin jilva dar mehrobu minbar mekunand. Chun ba xilbat meravand onkori digar mekunand. Mushkile doram zi donishmandi majlis boz purs. Tavbafarmoyon charo xud tavba kamtar mekunand?

Э ё худоё товба,ин мири шахри Душанбе боз ин хел суфиву домулло шуд.?Акаи Убайдуллоеви раисбобо-2.Гап байни худамон,як коре кун,ки чосуси Амрикои Бозори Собир нафахмад,ки вай катии президент зур шудааст.Бо барои муллову суфи шуданат,аз мирии шахр нагиранат яке.Бозор Собир,шахрванди Америка,акнун катии президент чур гашт. Tсссс,чим,хап...гап хамин чо монад!!!!!.

Аз Кулоб
Инхо хамон камунистхои шурави хастан ки имруз худро гуё демократ чилва медиханд амо демократ кучову ин сардорхои мо кучо? дар сурати Ислом галаба кардан инхо якумин шуда ру ба Масчиду Куръон меоран. Озодагон хохиш мекунам ба андешахои мо эхтиром гузоред чуноне ки мо ба Шумо..!

фаромуш
Рости аз ингуна баромади раиси шахр шармам омад. Ягон гар шарму хаё ва ягон эхтиром ба арзишхои дини нагузоштааст. О як бор ба навиштааш бо чашми дил агар мехонд шояд як зара имонаш об мехурд/ Худовандо ингуна инсонхоро ба рохи рост хидоят кун

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)