Вазорати хориҷа гуфт, чаро Қаюмзодро аккредитатсия накард
Муродбек Асламов, намояндаи Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон, рӯзи сешанбеи 4-уми июн дар баҳси Абдуқаюми Қаюмзод бо Радиои Озодӣ дар додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт далели аккредитатсия нашудани Қаюмзодро шарҳ дод.
Асламов дар назди додрас баромад карда, изҳор дошт, ки дар асл Вазорати умури хориҷӣ вазифадор нест, сабаби надодани аккредитатсия ба Қаюмзодро шарҳ диҳад, вале ба хотири эҳтироми додрас ин корро иҷро хоҳад кард. Ӯ гуфт, баъд аз анҷоми муҳлати аккредитатсияи Абдуқаюми Қаюмзод вазорат 5-уми ноябри соли 2012 Радиои Озодиро расман огоҳ кардааст, ки фаъолияти ин хабарнигор 31-уми октябр анҷом ёфта, то сабти номи дуборааш набояд гузориш диҳад.
“Лекин бо вуҷуди огоҳии вазорат мо ҳисоб кардем, ки беш аз 20 матлаби Қаюмзод дар радио пахш шуданд. Ин мухолифи муқаррароти додани аккредитатсия аст ва бинобар ин вазорат ба хабарнигор акредитатсия надод”,-афзуд Муродбек Асламов.
Дар ҷавоб ба ин шарҳи мақомот Хуршеди Ҳамдам (Хуршед Андамов), мудири дафтари бахши тоҷикии Радиои Озодӣ дар Душанбе изҳор дошт, ки он замон Давлат Назрӣ, собиқ сухангӯи Вазорати умури хориҷӣ ба таври шифоҳӣ гуфта буд, ки “ҳоло кор кардан гиред.”
Дар ҳамин ҳол, Абдуқаюми Қаюмзод гуфт, аз ин огоҳии Вазорати умури хориҷӣ огоҳ набуд ва ин суолро пеш гузошт, ки дар ҳоле фаъолияти ӯ манъ будааст, чаро роҳбарияти радио, аз ҷумла Соҷидаи Мирзо, раиси бахши тоҷикии он, иҷозат додааст, то матлабҳояш нашр гарданд. Қаюмзод гуфт, “агар роҳбарияти Радиои Озодӣ ҳамон замон, баъд аз огоҳии Вазорати умури хориҷӣ ба ман мегуфтанд, ки фаъолияти ту минбаъд дар радио мумкин нест, ман ҳам корро идома намедодам. Аммо дар бораи чунин огоҳиномаи Вазорати умури хориҷӣ нагуфтанд.”
Барои рӯшанӣ андохтан ба ин масъала Қаюмзод ва вакили мудофеаш Файзиннисо Воҳидова аз додрас хостанд, ки Соҷидаи Мирзо ба мурофиаи навбатӣ даъват шавад.
Аммо Қутбиддин Ҳисайнов, раисикунандаи мурофиа, даъвати Соҷидаи Мирзоро ба мурофиа рад карда, иттилои гирифтаашро кофӣ хондааст.
Абдуқаюми Қаюмзод аз соли 2001 то моҳи декбари соли гузашта ба Радиои Озодӣ гузориш медод. Аммо дар моҳи декабри соли гузашта Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон ӯро огоҳ кардааст, ки сабти номаш тамдид намешавад ва ӯ дигар ҳаққи гузориш додан ба Радиои Озодиро надорад. Дар пайи ин, Радиои Озодӣ шартномаи ҳамкорӣ бо Абдуқаюми Қаюмзодро қатъ кардааст. Қаюмзод ба додгоҳ муроҷиат карда, талаб дорад, ки ӯро ба ҷои кораш дар Радио барқарор кунаду моҳонаашро барои моҳҳое, ки ба кор нарафтааст, пардозад.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |