Леруа хуруҷи низомиёни Фаронса аз Душанберо баҳс кард
Ҳамрохон Зарифӣ, вазири умури хориҷии Тоҷикистон бо Дидие Леруа, сафири Фаронса дар Душанбе рӯзи сеюми июн густариши ҳамкориҳои ду кишварро баррасӣ кардаанд.
Тибқи иттилои Вазорати умури хориҷӣ Дидие Леруа бо Ҳамрохон Зарифӣ дар баробари масоили вобаста ба ифтитоҳи расмии сафорати Тоҷикистон дар Париж, вазъи феълии сохтмони манораи назоратӣ-диспетчерӣ ва терминали нави фурудгоҳи байналмилалии Душанбе, инчунин мавзӯи хуруҷи низомиёни Фаронса аз ҳудуди Тоҷикистон то соли 2014-ро баҳс намудаанд.
Қаблан Вазорати дифои Фаронса дар сомонааш иттилоъ дод, ки дар пасманзари берун шудани нерӯҳои НАТО аз қаламрави Афғонистон, низомиёни Фаронса низ Душанберо тарк мекунанд. Ин раванд, аллакай 15-уми апрел оғоз гардида, дар назар аст моҳи июли соли ҷорӣ ба анҷом расад.
Дар изҳороти Вазорати дифои Фаронса омадааст, дар Душанбе танҳо як гуруҳ, ки ба таъмиру таҷдиди хатти парвозу нишасти фурудгоҳи Душанбе машғуланд, то соли оянда боқӣ хоҳад монд.
Вазорати дифои Фаронса хотиррасон мекунад, низомиёни ин кишвар дар Душанбе моҳи декабри соли 2001 ҷойгузин гардида, асосан ба таъминоти сарбозон дар Афғонистон ва интиқоли бору мусофирон машғул буданд. Ба иттилои Вазорати дифоъ, гуруҳи низомиёни фаронсавӣ таи 12 соли ҳузур дар пойтахти Тоҷикистон 89 ҳазор мусофир ва 14 ҳазору 500 тонна борро ба хоки Афғонистон интиқол додаанд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Декабр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 |
2 | 3 | 4 | 5 | 6 | 7 | 8 |
9 | 10 | 11 | 12 | 13 | 14 | 15 |
16 | 17 | 18 | 19 | 20 | 21 | 22 |
23 | 24 | 25 | 26 | 27 | 28 | 29 |
30 | 31 | |