Барканории 1 ҳазору 300 корманди пулис дар панҷ моҳ
Дар Қазоқистон аз оғози соли ҷорӣ то кунун беш аз 1 ҳазору 300 корманди мақомоти пулис аз симатҳои худ барканор шудаанд.
Бино ба иттилои дафтари матбуоти Вазорати умури дихилии Қазоқистон, 293 корманди пулис барои рафторҳои ношоям барканор шуда, боқӣ ё худ аз кор рафтаанд ё ба нафақа баромадаанд.
Ин дар ҳолест, ки ба иттилои манобеи хабарӣ, чанде қабл зиёда аз 30 корманди БДА-и Қазоқистон баъд аз пайдо шудани навори видеоие дар шакабаҳои иҷтимоӣ аз кор ронда шудаанд. Дар ин навор кормандони БДА-и қазоқ баъди боздоштани мошинҳо на худро муаррифӣ мекарданду на ҳуҷҷатҳояшонро нишон медодаанд.
Илова бар ин, дар шарқи Қазоқистон беш аз 40 корманди пулис ба хотири вайрон кардани қоидаи ҳаракат дар роҳ ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида шудаанд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |