Вазорати иқтисоду савдо нархҳоро дар Душанбе таҳлил кард
Вазорати рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон дар пайи таҳлили нархи маҳсулоти озуқа дар бозорҳои шаҳри Душанбе муайян кардааст, ки бархе аз маҳсулоти ғизоӣ то 28 дарсад қиматтар шуда, нархи қисмати дигар поин рафтааст.
Тибқи иттилои ин ниҳод дар бозорҳои Душанбе аз моҳи июни соли гузашта то моҳи равон нархи як халта орди навъи аввали истеҳсоли Қазоқистон беш аз 28 дарсад ва орди навъи аввали ватанӣ 27 дарсад афзоиш ёфтааст.
Бино ба иттилои манбаъ, нархи себ 35 дарсад, нархи чойи сиёҳ 15 дарсад афзоиш ёфтанд. Нархи гӯшти гов бетаъғйир мондааст , яъне соли гузашта дар ҳамин вақт як кило гушти ков 31 сомонию 13 дирамро ташкил медод, имсол бошад, 31 сомонию 68 дирам мебошад.
Дар қатори маҳсулоти озуқае, ки тайи 12 моҳи охир арзонтар шудаанд, масъулини Вазорати рушди иқтисоду савдо шир, шакар, биринҷи майда, бодиринг, нон ва маҳсулоти макарон, гушти мурғро ном бурданд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Феврал 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 |
3 | 4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 |
10 | 11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 |
17 | 18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 |
24 | 25 | 26 | 27 | 28 | |