Зиёни сел ба манзили сокинони Ҳушёрӣ, масҷид ва тарозуи IRS
Нимаи дувуми рӯзи 3-юми июн дар деҳаи Ҳушёрии ноҳияи Варзоб борони сел борида, ба бархе аз манозили мардум, масҷид ва тарозуи ширкати пулчинаки IRS зиёни худро расондааст.
Ҷалолиддин Ашӯров, як сокини деҳаи Ҳушёрӣ, бо “Озодагон” тамос гирифтаву гуфт, “тахминан соати 12:30 борони сел борид, ки дар натиҷаи он аз се дараи болои деҳа сел омад.”
Ба қавли ӯ, “дар натиҷаи омадани сел ба ҳавлиҳои сокинон обу лойқа даромада, ба ошхонаю оғилхонаҳои 6 сокини Ҳушёрӣ зарар расонд.”
“80 сотих замин, ки чор оила дар он ҷо боғ бунёд ва зироаткорӣ карда буданд, пурра корношоям гардидааст. Ба ҷуз ин, аз як дараи дигар низ, ки аз қисми рости “Плаза” (тарозу)-и деҳаи Ҳушёрӣ аст, сел омад, ки дар натиҷа ду таҳоратхона ва ду ҳоҷатхонаи “Плаза”-ро канда бурдааст”,-афзуд ӯ.
Инчунин, ба қавли Ҷамолиддин Ашӯров, “сел як пули миёни деҳаро бардошта поинтар бурда, роҳҳои миёни деҳаро низ вайрону валангор кардааст.”
“Масъулини Кумитаи ҳолатҳои фавқулода дар ҷойи ҳодиса мактаббачагонро аз хатар эмин доштанд”,-дар охир илова намуд ӯ.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |