Фаттоҳ Саидов дар Маскав роҳҳои нави мубориза бо фасодро баҳс мекунад
Фаттоҳ Саидов, раҳбари Оҷонсии мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон, барои баррасии роҳҳои наву пурсамари мубориза бо фасод озими шаҳри Маскав шуд.
Тавре аз Оҷонсии мубориз бо коррупсия ба “Озодагон” иттилоъ доданд, Фаттоҳ Саидов дар Маскав дар анҷумани дуюми авруосиёии зидди фасоди молӣ, ки зери унвони «Механизмҳои молиявии зидди фасод: Меъёрҳои байналмилалӣ ва чораҳои миллӣ” баргузор мешавад, ширкат хоҳад дошт.
Дар ин ҳамоиш, ки бо ташаббуси Пажуҳишгоҳи қонунгузорӣ ва ҳуқуқи муқоисавии назди ҳукумати Русия сурат мегирад, мушкилоти мавҷудаи мубориза бо фасод дар минтақаи Авруосиё ва рушди ҳамкориҳо дар ин самт баррасӣ мешаванд.
Ҳадафи анҷуман дарёфти фикрҳои илмӣ ва коркарди бархӯрдҳои нав дар мубориза бо фасод унвон мешавад.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |