Дар асорат (Номаи саркушода ба Эмомалӣ Раҳмон)
Шояд ин дақиқтарин вожаест, ки ҳолати имрӯзаи моро бозгӯ мекунад. Дар тӯли тақрибан бист сол ҳамаи мо дар асоратем.
Дар асорати сиёсӣ, иҷтимоӣ, тарс, дилсардӣ, беқонунӣ, хиёнат, фиреб... Кулли шаҳрвандони Тоҷикистон дар асоратанд. Яке аз охирин мисол ҳолати Зайд Саидов аст. Бештар аз даҳ рӯз шуд, ки соҳибкори муваффақ Зайд Саидовро боздошт кардаанд. Ӯ дар асорати номус қарор дорад.
Дар баёнияи худ ба омбудсмени Тоҷикистон, Зариф Ализода, 12 пункт (ҳолат)и риоя нашудани Қонуни асосиро ироа карда будам, ки аз тарафи чор намояндаи ҳокимият: иҷроия, қонунгузор, судӣ, ВАО, телевизион ва нашрияҳои давлатӣ, рух дода буданд.
Воқеаи бар сари Зайд омада исбот кард, ки имрӯз метавонанд ҳар яки моро бе гуноҳ ба асорат гиранд.
Дар бораи Қонуни асосӣ мегӯям. Сарқонуне, ки бо он чанд бор Эмомалӣ Раҳмон қасами кафил будани онро хӯрд. Сарқонуне, ки баъд аз оштӣ кардани ду ҷониби даргир: ҳукумат ва мухолифин омода карда шуда буд.
Сарқонуне, ки чанд бор иваз шуду мӯҳлати президентиро афзуд. Сарқонуне, ки бо он баъд аз ин навбат то бо он навбат ва аз он навбат то ба ин навбат интихоб шудани Раҳмон ҳамчун президенти Тоҷикистон иҷозат дод.
Ман гумон мекунам, ки наздикони президент ба ӯ на ҳама хабарҳоро, тавре ки ҳаст, мерасонанд. Агар президентро касе ба асорат гирад, пас, дар он ҳолат чӣ мешуда бошад, кӣ роҳбарии давлатро ба зиммаи худ мегирифта бошад?
Ба ёд оред, ба асорат афтидани собиқ президенти Тоҷикистон, Раҳмон Набиевро. Баъзан овозаҳое ҳам садо медиҳанд, ки президент ба атрофиёнаш ин ё он супоришро медиҳад, аммо аз натиҷаи кор ӯро нороҳат ва хашмгин мекунад. Ҷаноби раисҷумҳур, фикр намекунед, ки Шумо ҳам дар асорат афтодаед? Дар асорати атрофиёнатон?
Намедонам, аз ин пиар-компанияе, ки алайҳи Зайд Саидов ташкил карданд, атрофиёни Шумо, чӣ мехоста бошанд. Гӯиё ӯ рақиби Шумо шудаасту ва дар пушташ хориҷиён истодаанд. Чаро атрофиёнатон мехоҳанд Шуморо тарс диҳанд?
Дур кунед, онҳоро. Имиҷи Ҳукумати Шумову моро ҳам дар дарун ва ҳам дар берун маҳз он коҳиш дода истодаанд. Магар мешавад Шуморо бо ҷанг тарсонид, ки дар рӯзҳои ҷанги шаҳрвандӣ бо мардуми худ будед?
Магар фикр намекунед, ки атрофиён ба Шумо на хизмат, балки хиёнат мекунанд?
Аслан бовар накунед бо он атрофиён, ки ба Шумо дар бораи ҷанг хабарҳо мебаранду хабарҳо пахш мекунанд.
Фикр намекунам, мардуми мо боз хоҳони ҷанг бошанд. Мардуми мо “лаззат”-и онро чашид ва то ба имрӯз аз натиҷаи он ранҷ мекашад.
Ё Шумо фикри дигар доред?
Он тафриқаандозон сазовори бадтарин зулм ҳастанд. Мардум муттаҳид будан мехоҳанд. Мардум соҳиби ин сарзамин будану аз он фахриданро дар дил мепарваранд, на ҷангро. Мардуми Хатлону Бадахшону Зарафшону Раштонзамин имрӯз муттаҳид будан мехоҳанд. Онҳоро ин ҳолатҳо боз ҳам муттаҳидтар мекунанд.
Атрофиёни Шумо бошанд, дар асорати боварӣ қарор доранд. Яъне, бо онҳо ҳама кор раво. Бо Русия ҳероин бурда, обрӯи миллати моро резонидан низ.
Онҳо бо маоши давлатӣ чӣ тавр ин хонаҳоро месозанд, ки бо маоши 500-солаи онҳо наметавон сохт?! Барои ман ҳам мисли Шумо андӯҳовар аст, ки имрӯз мардуми мо аз диёри биҳиштосои худ баромада, ба ҳиҷрат мераванд. Чаро фарзандони фарзонаи мо, ки дар солҳои ҷанги шаҳрвандӣ тарки Ватан карда буданд, фақат вақти расидани марг бармегарданд? Баъзеҳоро ҳатто ҷисми беҷонашон то ба Ватан намерасад.
Боис ба таассуф аст, ки ҷавонони боистеъдоду болаёқати мо дар Ватани худ ҷой наёфта, ҷое мераванд, ки онҳоро қадр мекунанд.
Ҷанг кайҳо тамом шуд. Мардум мехоҳанд пешрафт кунанд. Мардум бояд интихоб кунанд, ки пайгири кадом идея бошанд. Идеяи атрофиёни Шумо ва ё идеяи нафароне ба мисли Зайд Саидов. Ман гумон доштам, ки атрофиёни Шумо ба Тоҷикистони нав бар ба бар истода мардумро пеш хоҳед бурд ва боварии мардумро нисбати ҳукумат болотар хоҳанд бурд. Аммо...
Шояд дӯстон таъна зада ба ҳоли ман ханданд, ки чаро ба Шумо, ҷаноби раисҷумҳур, нома навиштам. Онҳо гумон доранд, ки Шумо номаи маро намехонед, аммо ман гумони дигар дорам.
Темур ВАРҚӢ,
журналист ва адиби тоҷик
PS: Ин матлаб назари шахсии муаллиф аст
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Декабр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 |
2 | 3 | 4 | 5 | 6 | 7 | 8 |
9 | 10 | 11 | 12 | 13 | 14 | 15 |
16 | 17 | 18 | 19 | 20 | 21 | 22 |
23 | 24 | 25 | 26 | 27 | 28 | 29 |
30 | 31 | |