Миннатдории саҳмдорони “Мовароуннаҳр”: Шанбегӣ ба ҷои гирдиҳамоӣ
Муштариёни ширкати сохтмонии “Мовароуннаҳр” бо ҳамроҳии вакили дифоашон-Бузургмер Ёров, имрӯз, 3-юми июн ба ҷои гирдиҳамоии эълондоштаашон ба шанбегӣ баромадаанд.
Бузургмеҳр Ёров, вакили мудофеи саҳмдорони ҶДММ “Мовароуннаҳр” дар сӯҳбат бо “Озодагон” гуфт, аз субҳи барвақт бо иштироки васеи зерҳомояҳояш дар маҳаллаи Гипраземи пойтахт ба шанбегӣ баромадаанд: “Ин шанбегӣ ба хотири вусъати биноҳои нотамом баргузор шуд. Нияти мо ин аст, ки то аввалҳои зимистони имсола ҳадди ақал 200-250 саҳмдори “Мовароуннаҳр” соҳиби манзили зист шавад ва дар оянда кӯшиш мекунем, ки дигар саҳмдорон низ ҳаққи худро соҳиб шаванд.”
Ёров мегуяд, ин як навъ миннатдории саҳмдорон ба президенти кишвар, Эмомалӣ Раҳмон ва раиси шаҳри Душанбе, Маҳмадсаид Убайдуллоев аст, ки бо дахолати онҳо як қатор мушкилиҳояшон ҳалли худро ёфтааанд, аз ҷумла бархе биноҳое, ки сохтумонашон нотамом буд, ба қарибӣ аз ҳабс бароварда шудаанд ва сохтмонашон ба қарибӣ оғоз мешаванд.
Ёдрас менамоем, фаъолияти ширкати «Мовароуннаҳр» баъд аз ҳабси Ҷӯрабек Охунов, раиси пешини он дар соли 2010 қатъ шуда, суратҳисоб ё худ молу амволи ин ширкат ба ҳабс гирифта шуд. Саҳҳомони ширкат мегӯянд, мақомот ба ҳар далел монеи давоми кори ширкат мешаванд ва имкон намдиҳанд, ки ширкат биноҳои нимсохтаашро ба итмом расонад ва мизоҷонро бо хона таъмин намояд. Барои ҷалби таваҷҷуҳ ба мушкилашон саҳҳомон ният доштанд, рӯзи сеюми июн дар рӯ ба рӯи бинои парлумони Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе гирдиҳамоӣ кунанд, аммо шаҳрдорӣ иҷозат надод.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |