АКС: Роҳ ба сӯи манзили соҳибкоре, ки бо аҳли хонаводааш кушта шуд
Хабарнигори “Озодагон” дар Суғд талош кард, ҷузъиёти бештареро дар бораи марги соҳибкор Аҳмадхӯҷа Бобоев ва зану се фарзандаш ба даст оварад. Ба ин хотир, роҳ ба сӯи манзили ӯ пеш гирифт, ки дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров воқеъ аст.
Хабарнигори мо мегӯяд, мақомоти пулис атрофи хонаи Бобоевро печонда буданд ва намегузоштанд, касе вориди манзил бишавад. Онҳо гуфтаанд, таҳқиқоти ин куштор ҷиддан идома дорад ва то анҷоми ташхису тафтиш намегузоранд, касе ба корашон халал ворид намояд.
Ба қавли ӯ, хона оташ гирифтаву бо кумаки мошинҳои сӯхторхомӯшкунӣ поён ёфтааст. Бо вуҷуди монеагузориҳои пулис, хабарнигори мо талош кардааст, чанд акс бардорад, ки манзили соҳибкор Аҳмадхӯҷа Бобоев ва атрофи онро намоиш медиҳад.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |