Салоҳияти прокурорҳои Тоҷикистон бештар мешавад
Имрӯз, 3-юми июн дар ҷаласаи Шӯрои Маҷлиси намояндагон таҳти раёсати Шукурҷон Зуҳуров, тавсеаи салоҳиятҳои прокурорҳои тоҷик баррасӣ шудааст.
Тавре аз Хадамоти матбуоти Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон хабар доданд, вакилон лоиҳаи тағйиру иловаҳо ба Кодекси мурофиавии ҷиноятиро баррасӣ намуда, аз ҷумла қайд кардаанд, ки “тағйиру иловаҳои ба моддаҳои 159, 161 ва 168-и Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳодгардида салоҳияти прокурорро дар самти назорати иҷрои қонунҳо ҳангоми таҳқиқ ва тафтиши парвандаҳои ҷиноятии хусусияти коррупсионидошта мукаммал намуда, барои таъмини бештари назорати прокурорӣ аз болои тафтишот ва пешгирӣ намудани қонуншиканиҳо мусоидат менамояд.”
Баробари ин аъзои Шӯро лоиҳаҳои қонунҳои Тоҷикистон «Дар бораи муомилот бо партовҳои радиоактивӣ», «Дар бораи фаъолияти аудиторӣ», Дар бораи ташкили Гурӯҳҳои дӯстӣ ва ҳамкории Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Маҷлиси Шӯрои Мамлакати Арабистони Саудӣ, бо Маҷлиси миллии Қувайт ( Маҷлис ал-Умма), бо Рийгикогуи (парламенти) Ҷумҳурии Эстония» ва гузориши Роҳбари Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон «Оид ба ҷамъбасти вохӯриҳои вакилон бо интихобкунандагон аз 30 апрел то 10 майи соли 2013» -- ро қабул ва ба ҷаласаи навбатии иҷлосияи чоруми Маҷлиси намояндагон, ки рӯзи 5-уми июн баргузор мегардад, пешниҳод кардаанд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Феврал 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 |
3 | 4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 |
10 | 11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 |
17 | 18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 |
24 | 25 | 26 | 27 | 28 | |