Чор медали тилои самбочиёни тоҷик дар Чемпионати Осиё
Варзишгарони тоҷик дар Чемпионати Осиё, ки аз 31-уми май то 3-юми июни соли равон дар шаҳри Сеул, пойтахти Куриёи Ҷанубӣ, баргузор гардид, 4 медали тило ва як нишони биринҷӣ ба даст оварданд.
Маҳмадшариф Сулаймонов, сармураббии тими мунтахаби Тоҷикистон оид ба гуштии самбо, ки дар ин мусобиқа шогирдонашро ҳамроҳӣ мекард, рӯзи 3-юми июн дар суҳбат бо “Озодагон” гуфт, чор шогирдаш дар Чемпионати Осиё бо медали тилло сарфароз шудаанд.
“Хушқадам Хисравов дар вазни 57 кило, Нозим Охиров дар вазни 62 кило ва Зафар Олимшоев дар вазни 82 кило дар риштаи самбо миёни ҷавонон ва Акмалиддин Каримов дар вазни 57 кило дар риштаи самбо миёни калонсолон медалҳои тиллои мусобиқаро ба даст оварданд”-афзуд Сулаймонов.
Манбаъ илова намуд, Акрам Собиров дар вазни 74 кило аз намуди муҳорибаи танбатан медали биринҷӣ ба даст овардааст.
Тоҷикистонро дар ин мусобиқа 25 самбочии синну солашон гуногун, ҳам миёни духтарон ва ҳам дар миёни писарон, муаррифӣ карданд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |