Шарҳи ВКД: 5 нафарро куштанду 30 000 $-ро гирифтанд ва хонаро оташ заданд
Барои таҳқиқи қатли панҷ узви як хонавода дар ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд гурӯҳи тафтишотӣ-оперативӣ таъсис ёфтааст.
Дафтари матбуоти Вазорати умури дохилӣ мегӯяд, “сардорони Раёсати кофтукоби ҷиноӣ, Раёсати ташхиси криминалистии ВУД ва Раёсати умури дохилӣ дар Суғд барои кушодани ҷинояти мазкур сафарбар шуда, тафтиши ҳодисаи мазкур зери назорати қатъии вазири умури дохилӣ қарор дорад.”
Аз рӯи ин ҳодиса Додситонии вилояти Суғд ҳам парвандаи ҷиноӣ боз кардааст.
Вазорати умури дохилӣ мегӯяд, соати чори субҳи дувуми июни соли ҷорӣ “шахсони номаълум бо яроқи оташфишон мусаллаҳ гашта, бо мақсади роҳзанӣ” ба манзили Аҳмадхӯҷа Бобоев (соли таваллудаш 1973), сокини шаҳраки Ғафурови ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, даромада, ӯву ҳамсараш ва се фарзанди кӯчакашонро ба қатл расондаанд.
Ба қавли манбаъ, оқои Бобоев ва ҳамсари 39-солааш -- Ҳаётхон Бобоева соҳибкор будаанд. Вазорати умури дохилӣ мегӯяд, афроди ношинос фарзандони ин хонавода -- Рухшона Бобоева, хонандаи синфи 9, Суҳробҷон Бобоев, хонандаи синфи 8-ро бо истифода аз яроқи оташфишони тамғаи АКМ-5,45-мм ба қатл расонда, Санҷарбеки шашсоларо ба ҳаммомхонаи ҳавлии истиқоматиаш маҳкам намудаанд, ки аз дуди оташ заҳролуд гаштаву ба ҳалокат расидааст.”
Ба иттилои манбаъ, ин афрод “дари сандуқи оҳании дар хонаи истиқоматӣ ҷойгиршударо шикаста, тахминан ба маблағи 30 000 доллари амрикоӣ ҷавоҳироти тиллоиро тасарруф намуда, бо мақсади рӯйпӯш намудани ҷинояташон бо истифодаи бензин хонаи истиқоматии Аҳмадхӯҷа Бобоевро оташ зада, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд."
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |