Э.Раҳмон ба сохтмони роҳи оҳани бидуни Узбакистон оғоз мебахшад
Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов, раисиҷумҳури Туркманистон, ҳамтои тоҷику афғонаш, Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳомид Карзайро ба маросими оғози сохтмони роҳи оҳани Тоҷикистон-Афғонистон-Туркманистон даъват карда, дар назар аст, сохтмони ин роҳ панҷуми июн бо ҳузури президентҳои се кишвар оғоз гардад.
Ин нуктаро охири ҳафтаи гузашта Рашид Мередов, вазири умури хориҷии Туркманистон, зимни ҷаласаи ҳукумати ин кишвар изҳор дошта, афзудааст, дар марҳилаи аввал қитъаи роҳи оҳани Отамурод-Имомназар-Акин оғоз меёбад, ки баъдан тариқи Афғонистон бо Тоҷикистон пайваст хоҳад шуд.
Дар мавриди ин роҳ миёни руасои ин се кишвар моҳи марти соли равон, дар ҳошияи баргузории ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ дар Ашқобод, ёддошти тафоҳум имзо шуда буд.
Ташаббускори ин тарҳ Эмомалӣ Раҳмон буда, Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов, раисиҷумҳури Туркманистон низ аз лоиҳаи роҳи оҳани Тоҷикистон-Афғонистон-Туркманистон дастгирӣ карда буд. Ба гуфтаи Бердимуҳаммедов ин лоиҳа рушди иқтисодию иҷтимоии Афғонистонро такон дода, инфрасохтори нақлиётии минтақаро густариш медиҳад.
Айни ҳол Тоҷикистонро бо кишварҳои хориҷ, роҳи оҳан тавассути қаламрави Узбакистон мепайвандад ва Тошканд зимни ҳамлу нақли бор тавасссути он пайваста монеаҳо эҷод мекунад.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |