Расулзода: Як ваҷаб хокамонро ба бегонагон намедиҳем
Қоҳир Расулзода, раиси вилояти Суғд, аз мавзеъҳои баҳсбарангез дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон дидан кардааст.
Тавре аз ҳукумати вилояти Суғд хабар доданд, Расулзода, аз 30 то 31-уми май ба Исфара рафта, нахуст аз деҳаи Ворух дидан намуда ва масъалаи ихтилофоти марзиро миёни сокинони ин маҳалла баррасӣ намуд.
Қоҳир Расулзода зимни мулоқоти сарироҳии худ бо мардуми Ворух таъкид намудааст, ки “хеч гоҳ як ваҷаб хоки кишвар ба бегонагон дода намешавад ва ҳамагуна ихтилофҳои марзӣ бо роҳи гуфтушунид ҳалли худро хоханд ёфт.”
Қоҳир Расулзода бо ишора ба баҳсҳои сокинони ин маҳал бо ҳамсоягони қирғиз, ки чанде қабл сурат гирфта буд, сокинонро ба таҳаммулпазирӣ ва поси хотири дӯстию рафоқати халқҳо даъват намудааст.
Номбурда бо чараёни сохтмони биноҳои маъмурии шӯъбаҳои раёсати Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон ва Вазорати корҳои дохилӣ, ки бо мақсади таъмини амнияту бехатарии сокинони деҳаҳои наздимарзӣ дар маркази ҷамоати Ворух бунёд мешаванд, шинос шудааст.
Тоҷикистону Қирғизистон тӯли 970 километр марзи муштарак доранд, ки аз он 567 километраш аломатгузорӣ шудаасту халос. Ин номуайянӣ боис мегардад, ки миёни сокинони наздимарзӣ мунтазам даргириҳо сурат мегиранд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |