Зарбаи нав ба буҷаи мардум: 6 дирам ба ҷои 1 сент
Сар аз имрӯз, 1-уми июн дар Тоҷикистон нархи тамосҳои телефонӣ ба ҳисоби миёна то 25 дарсад боло меравад.
Тавре ширкатҳои мобилии Тоҷикистон мегӯянд, тибқи дастури Хадамоти алоқаи кишвар сар аз имрӯз, ҳамаи тарофаҳои алоқаи мобилӣ ба пули миллӣ мегузаранд ва ҳар дақиқаи суҳбате, ки қаблан 1 сент нарх дошт, акнун 6 дирам меистад. Дар ҳоле, ки тибқи қурби муайяннамудаи Бонки миллӣ айни ҳол 1 сент баробари 4,75 дирам аст.
Масъулин мегӯянд, 1 сентро барои он муодили 6 дирам гирифтаанд, ки сомонӣ дар кишвар майли беқурбшавӣ дорад ва бо назардошти ин баъди гузаштан ба пули миллӣ тамосҳое, ки қаблан як сент арзиш доштанд, акнун 6 дирам меистанд. Дар ҳамин ҳол бархе аз ширкатҳои мобилӣ бо ирсоли паёмак ба муштариён, онҳоро огоҳ кардаанд, ки дар пайи гузаштан ба пули миллӣ барои як муддати муайян баъзе хизматрасониҳо дастнорас хоҳанд шуд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |