Ширкати «Газпромнефт-Тоҷикистон» воқеан ҳам, дар ҳаҷми 2 ҳазору 378 тонна бензини навъи 80-ро бензини 92 гуфта, ба бозори фурўши сўзишвории Тоҷикистон ворид кардааст, ки ин аз ҷониби масъулини агентии Тоҷиксандарт ошкор гардид.
Бахтиёр Шукуров, директори агентии мазкур имрўз зимини як нишасти матбуотӣ гуфт, аз ин миқдор 1 ҳазору 181 тонна аз вилояти Хатлон ва 1 ҳазору 197 тоннаи дигарашро аз нуқтаҳои фурўши шаҳри Кўлоб ошкор намудаанд, ки марбут ба ширкати «Газпромнефт» мебошанд. Шукуров илова намуд, ки бо вуҷуди он ки ин ширкат навъи бензини 80-ро 92- гуфта ба фурўш баровард, вале ин амали онҳо саривақт ошкор гардиду аз ҷониби масуълини агентӣ аз муомилот бароварда шуд. {jathumbnail off}
Мӯҳр