Пешниҳоди истеъфои омбудсмени Тоҷикистон аз сӯи Умедалиева
Сукути сафир ва омбудсмени Тоҷикистон дар мавриди қазияи Равшан Собиров, раҳбари ҷамъияти тоҷикони Қирғизистон, бархе аз ҳуқуқшиносони қирғизро нигарон кардааст.
Тоқтайим Умедалиева, ҳуқуқшиноси қирғиз, дар суҳбат бо бахши русии хабаргузории “Озодагон” аз хомӯшии сафир ва омбудсмени Тоҷикистон дар муқобили қазияи Равшан Собиров, ибрози нигаронӣ кардааст. Ӯ гуфта, ки фикр мекунам, матбуот қазияи Равшан Собировро дар Тоҷикистон хуб пайгирӣ мекунад, “вале намефаҳмам, барои чӣ Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, ҳангоми боздидаш аз Бишкек дар ин бора ҳатто ҳарфҳои пасипардагӣ ҳам назад.”
Ба қавли Умедалиева, Эмомалӣ Раҳмон муваззаф буд, ки дар ин бора ҳарфе занад: “Ӯ ба ҳайси як раҳбар ва ғамхори миллат бояд аз тақдири раҳбари ҷамъияти тоҷикони Қирғизистон мепурсиду ба ин қазия аҳамияти хосса медод.” Бояд гуфт, Эмомалӣ Раҳмон раҳбари Бунёди тоҷикон ва форсизабонҳои дунё, ба шумор меравад. Умедалиева таъкид кардааст, Омбудсмени Тоҷикистон дар сурате наметавонад, манофеи ҳамватанони худро дар хориҷ ҳимоя кунад, бояд, аз симаташ истеъфо диҳад.
“Сафири Тоҷикистон бояд бо раҳбари ҷамъияти тоҷикони Қирғизистон вохӯрие анҷом медод. Вале ӯ ҳатто ба ин қазия аҳамият надодааст. Ҳама хомӯшанд. Барои чӣ омбудсмен хомӯширо пеша кардааст? Магар забонашро аз даст додааст? Атамбаев борҳо дар мавриди маҳбусони қирғиз дар Чин, Малайзия садо баланд кардааст ва омбудсмени қирғиз низ чанд бор бо зиндониёни Қирғизистон дар хориҷ аз кишвар вохӯриҳо анҷом додааст. Вале омбудсмени Тоҷикистон ҳамеша хомӯш аст”,-афзудааст ӯ.
Равшан Собиров, ки моҳи декабри соли 2011 вазири рушди иҷтимоии Қирғизистон таъин гардид, моҳи июли соли 2012 дар робита ба иттиҳомот дар фасодкорӣ муваққатан аз ин мансаб барканор гардид. Ӯ панҷуми июли соли 2012 боздошт ва ба боздоштгоҳи Кумитаи амнияти миллии Қирғизистон интиқол ёфт. Додгоҳи ноҳияи Первомайски Бишкек, Собировро моҳи ноябри соли 2012 «сафед» эълон кард. Аммо додситонии кулли Қирғизистон парвандаи Собировро аз нав ба баррасӣ гирифта, ба додгоҳи Бишкек ирсол намуд, ки бо панҷ сол ҳукми зиндон ва мусодираи амволаш поён ёфт. Ахиран Додгоҳи олии Қирғизистон ҳам аз ин ҳукм тарафдорӣ кард.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |