Тахриби манзили як сокини Ваҳдат бо "кран" ва шарҳи мақомот (АКС)
Алишер ЗАРИФӢ
Мақомоти ноҳияи Ваҳдат бегоҳи 29-уми майи соли ҷорӣ қисме аз манзили сокини кӯчаи “20-солагии истиқлолият” (Туғдона) -- Мушаррафа Шарифоваро чаппагардон кардаву ба ӯ ва бархе аз ҳамсояҳояш се рӯз муҳлат додаанд, то он ҷоро батамом тарк намоянд.
Хонум Шарифова дар сӯҳбат ба “Озодагон” гуфт, он рӯз барои тахриби манзили ӯ намояндагони мақомоти расмӣ ва сӣ корманди милиса бо “кран” омада буданд.
Ин сокини ноҳияи Ваҳдат аз он шиква дорад, ки тахриби қисме аз манзилаш бидуни огоҳии пешакӣ сурат гирифта, ӯро дар нимароҳ гузоштааст, ки бо тамоми ҷиҳози хона ва панҷ фарзанд ба куҷо раваду аз кӣ имдод талабад. Вай мегӯяд, ҳоло ҳукумати ноҳия ба ӯ шарте гузоштааст, ки иҷрояш мушкил ва иҷро накарданаш метавонад ӯро ду дасти холӣ бигузорад: “Агар тибқи шартномаи пешниҳоднамудаи ҳукумат аз баҳри як қисми дигари манзиламон, ки дар 29 метри мураббаъ ҷойгир аст, нагузарем, баъд аз 3 рӯз новобаста аз хоҳиши мо онро вайрон хоҳанд кард.”
Хонум Шарифова илова кард, “шартнома дар хусуси он аст, ки мо бояд розигӣ диҳем ва имзо гузорем, ки дар ҳамин 29 метри мураббаъ замин зиндагӣ кардан мехоҳем ва боқимондаи он ки вайронаш кардаанд, ғайриқонунӣ буд. Ҳукумат хонаи моро дар тендер монда буд ва тибқи он Тоҷиддин Пиров, раҳбари “Тоҷиксодиротбонк”, омода буд дар ҳаҷми 40 ҳазор доллар хонаи моро харад, мо ба ин розӣ шудем, аммо барои ин боз худи намояндагони ҳукумат монеа эҷод карданд. Ба дастгоҳи иҷроияи президент, парлумон Додситонии кулл муроҷиат кардем ва ба мо гуфтанд, ки бе иҷозаи Шумо касе ҳақ надорад хонаатонро вайрон кунад, аммо бубинед чӣ кор карданд. Аз дастгоҳи иҷроияи президент ба мо гуфтанд, дар сурати иваз кардани макони манзили зистатон сари ҳар нафаре, ки дар оила зиндагӣ мекунад, бояд 10,5 ҳазор долларӣ ҷудо карда шавад.”
Ин мусоҳиби мо 18 сол боз дар ин хонааш зиндагӣ карда ва тамоми аснод дар бораи қонунӣ будани заминашро доштааст. Гулнигор Табарова, сокини ноҳияи Ваҳдат ва ҳамсояи Мушаррафа Шарифова, низ барои холӣ кардани манзилаш се рӯз муҳлат гирифтааст. Ӯ мегӯяд, “рӯзи 29-уми май тамоми хонаи Мушаррафаро чаппа карданӣ буданд. Аммо ӯ худро дар дами “кран” партофт, ки ин боиси вайрон нагардидани тамоми хонааш гардид. Лекин ба ман низ 3 рӯз муҳлат доданд ва ҳоло аз он дар ташвишам, ки баъди 3 рӯз бехона мемонам.”
Гулнигор Табарова ва Мушаррафа Шарифова дар сӯҳбатҳои худ аз Сарабек Холов, муовини раиси шаҳри Ваҳдат, ном мегирифтанд, ки ба ӯ дар мавриди ҳалли ин мушкилашон муроҷиат кардаанд.
Аммо Сарабек Холов шарҳи ин масъаларо ба дӯши яке аз ҳуқуқшиносони ҳукумати ноҳия бо номи Абдуллоев гузошт. Абдуллоев ҳам бо мо сӯҳбат накард ва беҳтар донист дар ин масъала бо Эраҷ Зоиров, сармеъмори шаҳри Ваҳдат, гуфтугӯ кунем.
Эраҷ Зоиров зимни суҳбат ба мо гуфт, манзили истиқоматии Мушаррафа Шарифова вайрон нашуда, балки ошхонаи ӯ, ки дар назди ҳавлияш худсарона сохта шуда будааст, вайрон гардидааст. Ба қавли Эраҷ Зоиров, дар маҷмӯъ тибқи нақшаи генералии шаҳр манзили Шарифова ва ҳамсояааш Табарова пурра чаппа карда мешаванд ва дар ҷойи онҳо хонаҳои баландошёна сохта хоҳад шуд.
Номбурда мегӯяд, бар ивази манзилҳояшон ба онҳо 29 ҳазор доллари Амрико пешниҳод кардаанд, аммо истиқоматкунандагони ин манзилҳо розӣ нашудаанд: “Мушаррафа Шарифова мехоҳад, бар ивази манзилаш 40 ҳазор доллар гирад, ҳол он ки дар маркази шаҳри Ваҳдат 1 метри мурабаъ 450-500 доллар аст ва манзили ӯ 14 ҳазор доллар арзиш дорад. Бо 29 ҳазор долларе, ки ба онҳо пешниҳод намудем, имкони харидории як манзили дуҳуҷраӣ дар маркази шаҳри Ваҳдат вуҷуд дорад.”
Эраҷ Зоиров таъкид кард, ин масъала миёни ҳукумат ва сокинон бо якдигарфаҳмӣ ҳал нашуд ва мақомоти иҷроия тариқи аризаи даъвоӣ ба Додгоҳи шаҳри Ваҳдат барои кӯчондани онҳо ба дигар ҷо муроҷиат кардааст. Гулнигор Табарова ва Мушаррафа Шарифова дар навбати худ амали намояндагони ҳукумати Ваҳдатро ғайриқонунӣ шуморида, мегӯянд, дар сурати ҳал нагардидани ин мушкилашон ва идома додани тахрибкунии манзилҳояшон ба дигар мақомоти дахлдор шикоят мебаранд ва мехоҳанд ҳақ ба ҳақдор бирасад.
Дар чанд соли охир тахриби манзили сокинон дар бархе аз маҳаллаҳои Душанбе ва ноҳияи Рӯдакиву Ваҳдат мушоҳида шуда, бештари баҳсҳо ба нафъи мақомот ҳал шудааст. Мақомот ин манзилҳоро ё ба далели ғайриқонунӣ будани заминашон ва ё аз рӯи нақшаи куллии шаҳру ноҳияҳо тахриб кардаанд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |