GM дар Узбакистон 70 ҳазор мошин тавлид кард
Корхонаи муштараки мошинбарори узбакию-амрикоӣ, “GM Uzbekistan” дар 4 моҳи ахир ҳудуди 70 ҳазор мошин истеҳсол кардааст.
Тавре расонаҳои узбакӣ иттилоъ медиҳанд, ширкати “ GM Uzbekistan” аз авали соли ҷорӣ то кунун 23 ҳазору 789 адад мошин ба хориҷ аз Узбакистон содир намуда, ба ҳаҷми 49 ҳазору 119 адади дигар ба бозори дохилии ин кишвар ворид кардааст. Ба иттилои манбаъ, ин нишондод нисбат ба ҳамин давраи солҳои пешин 10% зиёд мебошад.
Ин дар ҳолест, ки ин ширкати мошинбарори узбакӣ ду ҳафта қабл зимни конфронси дилерие дар шаҳри Маскав навъи ҷадиди седан С-класса - Gentraро ба намоиш гузошта, шуруъ аз 1-уми июни соли ҷорӣ фармоишоти муштариёни ин навъи мошинро қабул мекунад.
Маврид ба зикр аст, ки дар семоҳаи аввали соли 2013 ширкатҳои мошинбарори Узбакистон содироти мошинҳои худро ба Русия 13% афзоиш додаанд, ки ин нишондод 15,898 адад мошинро ташкил медиҳад. Дар ҳоли ҳозир ширкати “GM Uzbekistan” мошинҳои навъи Nexia, Lacetti, Malibu, Cobalt, Matiz, Spark, Captiva и Damasро истеҳсол мекунад.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |