Барно Абдураҳмонова, рӯзноманигори сомонаи Pressa.tj аз вилояти Суғд, шаби 30 ба 31-уми май дар пайи як сониҳаи нақлиётӣ дар Душанбе ба ҳалокат расидааст.
Pressa.tj аз қавли шоҳидони ин ҳодиса менависад, соати 22-и шаби 30-юми майи соли равон дар назди Театри ҷавонони ба номи Маҳмудҷон Воҳидов, дар кӯчаи Неъмат Қарабоев, ду мошин ба ҳам бермехӯранд ва яке аз мошинҳо Барно Абдурахмоноваро, ки дар назди гузаргоҳи пиёдагарди канори роҳ истода будааст, пахш менамояд. Дар натиҷа Барно бо ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ соати 22:40 дақиқа ба беморхонаи Қарияи боло интиқол дода мешавад ва ба ҳуш наомада, соатҳои 2-и шаби 31-уми май ҷон медиҳад.
Ба иттилои аввалияи Бозрасии давлатии автомобилии Тоҷикистон садама бо айби Усмоналӣ Рустамов, ронандаи "Дэу Леганза" (рақами давлатиаш ЕН 84- 74-РТ 01) сар задааст. Ба иттилои ин ниҳод айни ҳол мақомоти пулис сабабҳои рух додани сониҳаро, ки мунҷар ба ҳалокати ин зан шудааст, тахқиқ карда истодаанд.
Аҳли эҷоди гуруҳи расонаҳои "Озодагон" аз даргузашти нобаҳангоми Барно Абдураҳмонова сахт андуҳгин буда, ба наздикону пайвандони ӯ сабри ҷамил мехоҳанд.
Мӯҳр