Қаҳрамони асосии “Суруши Сталинград” ба назди Устод Қаноат меояд
Қарор аст, моҳи сентябри соли ҷорӣ қаҳрамони достони “Суруши Сталинград”-и устод Мӯъмин Қаноат ба Душанбе омада, ба ӯ медал супорад. Ин маросим дар робита ба ҳафтодсолагии пирӯзии сарбозони Шӯравӣ дар муҳорибаи Сталинград баргузор хоҳад шуд.
Дар ҳамин ҳол, дар остонаи ҷашни мазкур “Маҳфили дӯстии байналмилалӣ”-и шаҳри Волгогради Русия достони “Суруши Сталинград”-и Мӯъмин Қаноатро ба забони русӣ мунташир кардааст. Тавре Зинаида Селезнева, қаҳрамони достони мазкур, дар сӯҳбат ба “Озодагон” гуфт, ташаббускори аслии аз нав чоп кардани достони Мӯъмин Қаноат, Олга Безбородова, раҳбари “Маҳфили дӯстии байналмиллалӣ” будааст.
Вай афзуд, “аз “Суруши Сталинград” як нусха буд. Онро ба ман шахсан Мӯъмин Қаноат тақдим карда буд. Баъдан Олга Безбородова китобро гирифта, нав барои нашри он кӯшиш кард. Дар натиҷа китоб хеле аҷиб баромад.”
Зинаида Селезнева дар идома гуфт, ҳамзамон дар остонаи 70-солагии пирӯзии сарбозони Шӯравӣ дар муҳорибаи Сталинград тамоми мактабҳои шаҳри Волгоград чорабиниҳо бахшида, ба ашъор ва зиндагии Мӯъмин Қаноат доир кардаанд.
“Дар робита ба 70-солагӣ ман шахсан ба Мӯъмин Қаноат як рамзи хосе омода кардам, ки қарор аст онро дар Душанбе барояш тақдим кунам”,-илова кард Зинаида.
Достони “Суруши Сталинград” ба устод Мӯъмин Қаноат шӯҳрати ҷаҳонӣ овардааст. Ӯ соли 1977 барои ин достон ва ҳамчунин достони “Тоҷикистон - исми ман” барандаи Ҷоизаи давлатии Иттиҳоди Шӯравӣ гашта буд. (Барои дастрас намудани ин аксҳо ба Абдулло Давлатов, раҳбари Иттиҳоди тоҷикони Русия изҳори сипос мекунем)
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |