Ҳалокати се ҷавони тоҷик дар як садамаи нақлиётӣ
Вазорати умури дохилии Тоҷикистон мегӯяд, бар асари як сониҳаи нақлиётӣ дар ноҳияи Бохтар се ҷавон ҷони худро аз даст додааст.
Ба иттилои манбаъ ронандаи автомашинаи тамғаи “ДЭУ-Нексия” Хуршед Гулови 36- сола, сокини деҳаи Дӯстӣ аснои ҳаракат аз тарафи шаҳри Қӯрғонтеппа ба самти ноҳияи Ҷалолиддини Румӣ дар километри 106-уми ҳудуди деҳаи Ленини ноҳияи Бохтар, аз ӯҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба қисми қафои трактори тамғаи “МТЗ-100”, бе рақами давлатӣ, таҳти идораи Муҳаммадалӣ Саидови 35-сола, сокини деҳаи Ленин, бархӯрда, баъдан ба заҳбури обгузари тарафи рости роҳ чаппа шудааст.
Дар натиҷа ронандаи автомашинаи тамғаи “ДЭУ-Нексия” ва мусофиронаш Баҳодур Саидови 29-сола ва Илҳомиддин Сангови 30-сола, сокинони ноҳияи Вахш, ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидаанд. Мусофири дигари автомашинаи мазкур Шоҳрух Ҳакимови 29-сола ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидааст.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |