Назари Умаралӣ Қувватов дар бораи боздошти Зайд Саидов

Умаралӣ Қувватов, раҳбари созмони сиёсии “Гуруҳи 24”, ки дар шаҳри Дубайи Аморати Муттаҳидаи Араб зиндонист, дар суҳбати телефоние бо вакили дифоаш Николай Николаев дар мавриди боздошти Зайд Саидов изҳори назар кардааст.
Николай Николаев ба бахши русии «Озодагон» гуфт, ин суҳбати телефонӣ 28-уми май анҷом шудааст. “Вай гуфт, Зайд Саидовро мухолифи ҳукумат намешуморид. Барои ӯ ва хонаводааш хеле мутаасиф аст. Ман ӯро бештар ҳамчун вазири саноат мешиносам, на ҳамчун як нафари мухолиф”,-баён дошт Николаев аз нақли қавл ба Қувватов.
Умаралӣ Қувватов гуфтааст, мақомот мехоҳанд Зайд Саидовро барои ҳадафҳои худ қурбон кунанд. “Боздошти вай ба хотири тарс додани дигарон аст”,-афзудааст ӯ. Николай Николаев гуфтааст, сабти ин суҳбатро дар ихтиёр дорад ва онро паҳн хоҳад кард.
Бино ба иттилои вакили дифои Қувватов, баҳси додгоҳии нафари таҳти ҳимояташ дар мавриди истирдод ба Тоҷикистон моҳи август баргузор мешавад.
Ёдовар мешавем, 14-уми апрели соли равон додгоҳи шаҳри Дубай ҳукми истирдоди Умаралӣ Қувватов ба Тоҷикистонро содир кард. Аз ин пеш моҳи март додгоҳ дархости Душанберо барои истирдоди сареи Қувватов рад карда буд.
Умаралӣ Қувватов, ки дар гузашта масъули ширкати “Фароз” буд, тобистони соли 2012 ба Маскав рафт ва аз таъсиси созмони сиёсии “Гурӯҳи 24” хабар дод. Ӯ худро мухолифи ҳукумати кунунии Тоҷикистон эълом кард ва гуфт, ки бояд дар интихоботи моҳи ноябри соли ҷорӣ президент Раҳмон иштирок накунад.
Моҳи декабри соли гузашта дар фурудгоҳи Дубай бо дархости ҷониби Тоҷикистон боздошт гардид. Мақомот ӯро дар дуздии 6 миллион доллар пули ширкатҳои “Тоҷирон”-у “Фароз” ва шарикони тиҷории онҳо муттаҳам мекунанд. Додситонии кулл ва Оҷонсии зидди фасоди Тоҷикистон дар оғози соли ҷорӣ гуфта буданд, ки алайҳи Қувватов дар ин замина парванда боз шудааст.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Март 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 |
3 | 4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 |
10 | 11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 |
17 | 18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 |
24 | 25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 |
31 | |