Чин гуфт, аз президенте пуштибонӣ мекунад, ки мардуми тоҷик интихоб кунанд
Фан Сянжун, сафири Чин дар Тоҷикистон гуфт, кишвараш аз ҳар номзаде, ки дар интихоботи президентии моҳи ноябри соли равон Тоҷикистон ғолиб меояд, пуштибонӣ ва ҳамкорӣ хоҳад кард.
Ин нуктаро сафири Чин рӯзи 31-уми май, зимни муаррифии маҷаллаи “Пайванди қитъаҳо”, ки бо забони тоҷикӣ нашр шуда, асосан дар бораи Чин матлаб нашр мекунад, таъкид намуд. Ин маҷалла ройгон ё бепул тақсим мешавад.
Сафир зимни муаррифии маҷалла дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон гуфт, акнун мардуми тоҷик имкон пайдо карданд, ки бо забони модарии худ дар бораи Чин ва ҳамкориҳои ду кишвар маълумоти дақиқу фаврӣ бихонанд. Ӯ аз инъикоси ҳамкориҳои Чину Тоҷикистон дар расонаҳои хабарии Тоҷикистон изҳори нигаронӣ карда, даъват намуд, ки хабарнигорон бештар ба далелу аснод такя кунанд.
Дар расонаҳои мустақили Тоҷикистон асосан аз ҳаҷми зиёди қарздорӣ дар назди Чин ва додани қисмате аз ҳудуди вилояти Бадахшон ба ин кишвар интиқод карда мешавад.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |