Бахшҳо
31 май 2013 10:25Тоҷикистон / Сиёсат

Кабирӣ: Ҳеч нерӯе наметавонад ҲНИТ-ро аз саҳна берун кунад

Муҳиддин Кабирӣ, раиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон (ҲНИТ), мегӯяд, ҳеч фишоре наметавонад масири ҳизби зертобеашро тағйир ва аз саҳнаи сиёсии ин кишвар берун кунад.

Оқои Кабирӣ дар ин бора зимни суҳбати худ бо хабарнигори торнамои “Jawedan” (“Ҷовидон”)-и Афғонистон ҳарф задааст. Ӯ гуфта, ки ҲНИТ бидуни таваҷҷуҳ ба иқдомоти алайҳи худ роҳашро мутмаинан идома медиҳад ва ҳеч гуна фишоре масири ин ҳизбро тағйир дода наметавонад.

Вай афзудааст, ягон нерӯ қудрати аз саҳнаи сиёсӣ берун андохтани ҲНИТ-ро надорад. Зеро ба гуфтаи ӯ ҳизби зертобеаш бо ҳамаи марокизи муҳими ҷаҳонӣ ва кишварҳои таъсиргузор тавонистааст, равобити ҳасана (хуб) барқарор кунад.

Раиси ҲНИТ иддао дар мавриди он ки гӯиё саркӯбии аҳзоби дунявӣ аз сӯи ҳукумат боиси тақвияти Ҳизби наҳзат гардид, беасос хонда, таъкид кардааст: “ҲНИТ беш аз ҳар ҳизби мухолифи дигар фишор ва маҳрумиятҳо дидааст ва дар ҷои он агар ҳизби дигаре мешуд, кайҳо саҳнаро тарк карда буд. Вижагии андешаи исломӣ дар он аст, ки дар баробари афзоиши фишору таъқиб қавӣ ва решадортар мешавад.”

Ҳизби наҳзати исломӣ ҳизби умдаи мухолиф дар Тоҷикистон ба ҳисоб меравад, ки дар ҳоли ҳозир чиҳил ҳазор узв дорад. Дар ҳоли ҳозир танҳо ду намояндаи ҲНИТ ба парлумон роҳ ёфтаанд.
Мӯҳр
назар
Дар хакикат зеби ислому давлатдори хам доред чаноби Кабири! AЛЛОХ МАДАД КУНАД.ОМИН!

Бале, хак ба чониби устод аст. Инналлоха маассобирин. Нахзатихо дар рохи интихобкардаи хеш устуворанд, ана хамин сифатро сабру субот дар рохи Аллох мегуянд, на розй буданро ба хориву зиллат.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)