Ба он хотир ҳукуматро "бадгӯӣ" мекунам, ки...

Ҳарчӣ дидаму мебинам дар ҳаёт аз худу Худо медонам, на аз касу хаси дигар!
Касеро берун аз доираи виҷдонам сафед ё сиёҳ накардаам. Шояд хато ҳам мекунам, чун ҳанӯз инсони комил нарӯидааст. Бо ин ҳама маҳдудиятҳое, ки дорем, кӯшидам, то андозае ҳақталошӣ кунам.
Ба он хотир ҳукуматро “бадгӯӣ” мекунам, ки ман ҳам фарзанди ин сарзаминам! Ва ман ҳақ дорам, ки ҳукумати худамро бад ё хуб гӯям.
Биҷаҳем болои мавзӯъ.
Мусоҳибаи Бӯрӣ Карим дар ёдам омад. Ҷое гуфта буд, ки омодаам барои ин ҳукумату ин давлат (Тоҷикистон) хизмат кунам, агар маро бихоҳанду бихонанд. Яъне, даъват кунанд, гуфта буд. Интизор...
Бӯрӣ Карим, дар ҳиҷрат ҳам барои мардуми Тоҷикистон хизмат кард. Китобҳои бисёре аз нависандагони моро бо сифати аъло чоп кард. Ӯ тоҷир нест, соҳибкор нест. Ба андозаи зӯру тавонаш хизмат кард.
Ва дар ҳамон мусоҳибаи додааш, боз гуфта буд, агар дар кишваре роҳи пулакӣ амал кунад, бояд роҳи дигарии бепул низ канори он бошад. Агар ӯ биёяд ба Ватан, шояд роҳҳо каме обод гарданд, на пулакӣ.
Шояд...
Бозор Собир.
Шоири миллатдӯст, ватанпарвар ва ҳоло номаълум. Обрӯи шеъри тоҷик.
Бӯрӣ Карим дар ҳамон мусoҳибааш ҳамчунин дар бораи Бозор Собир чанд ҳарфе гуфта буд ба ин мазмун, ки: “Одамон дар пиронсолӣ бештар ба Худову Расул рӯй меоранд, аммо ақли Бозор дар пирӣ коҳидааст”.
Ба фикрам, ҳамин андоза кофист дар бораи ӯ ҳоло.
Акбари Турсон.
Олими барҷаста. Ашрофзода. Донишманд. Обрӯи илми миллати тоҷик.
Замоне дар як китобаш чунин ҷумлае ҳам навишта буд: -“Худо манам, на худои афсонавист”.
Омад, на ба Қасри Миллат, аммо омад. Дар пиронсолӣ, на дар вақти ҷӯшу хурӯши ҷавонӣ, ки дар ҷавонӣ инсон мехоҳад фатҳи олам кунад.
Шояд ӯ ҳам мурдан омада бошад мисли Бозор?
Шояд...
Интизорӣ...
Давлат Худоназаров.
Донишманд. Зиёӣ. Обрӯи синамои тоҷик.
Ӯ ҳам омаду рафт. Ва ҳоло ҳукумат тасмим гирифтааст, ки ӯро низ биёрад ба Ватан.
Агар ӯ биёяд, синамои тоҷик аз ҷой мехезад ва ё мардуми Бадахшон ҳодисаҳои Хоруғро фаромӯш мекунанд?
Шояд...
Интизорӣ...
Додоҷони Атовулло.
Рӯзноманигор. Сиёсатпеша. Саркаш. Ба қавли бархе: “душмани рақами яки роҳбарияти Тоҷикистон”. Яке аз охирин умеди мухолифин.
Ӯ ҳам борҳо даъват шуд. Ҳатто чунин як ваъда ҳам дода буданд, ки агар биёӣ, худи раисҷумҳур дар назди мардум ҷома мепӯшонад ва он маросим тариқи телевизионҳои давлатӣ пахш карда мешавад.
Наомад.
“Намеоям, то он даме ки мағлуб нашаванд”,-мегӯяд худи Додоҷон. Мепурсед чаро? Чунки маҳз ӯ дар давоми ин ҳама сол фикрашро, принсипҳояшро тағйир надод.
Омадан яъне таслим шудан?!
Халил ҚАЮМЗОД
PS: Ин навишта назари шахсии худи муаллиф аст
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Март 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 |
3 | 4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 |
10 | 11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 |
17 | 18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 |
24 | 25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 |
31 | |