"Ҳар тобистон тақрибан 7 миллиард киловатро аз даст медиҳем"
Гул Шералӣ, вазири энергетика ва саноати Тоҷикистон, дар нахустин Форуми энергетикии Осиё ва Уқёнуси Ором, аз 27 то 30-юми май, дар ҳузури намояндагони 62 давлат мушкилоти энергетикии Тоҷикистонро матраҳ кардааст.
Тавре Вазорати энергетика ва саноати Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, Гул Шералӣ зимни ҳамоиш аз ҷумла қайд намудааст, ки “аз солҳои 1990 инҷониб дар энергетикаи Тоҷикистон ҳиссаи гази моеъ ва намудҳои газҳосилкунанда коҳиш ёфта, маҳдуд гардидани интиқоли гази табиӣ ва минбаъд қатъ шудани он ба ҷумҳурӣ, баланд будани арзиши намудҳои дигари энергетикӣ дар ҷумҳурӣ ногузир зарурати гузаштан ба нерӯи барқро ба миён овард.”
Вазири энержӣ таъкид намудааст, ки ҳукумат барои бартараф намудани норасогии энергетикӣ, ки дар фасли сармо қариб 4 млрд КВт/с-ро ташкил медиҳад, чораандешӣ дорад: “Ҳамзамон, дар мавсими тобистон ҳар сол нерӯи барқ дар ҳаҷми 5-7 млрд КВт/с беистифода партоб карда мешавад.”
Вазири энергетика ва саноат инчунин лоиҳаи CASA-1000-ро ба миён гузошта, онро дорои аҳамияти минтақавӣ хонда, аз ҷонибҳои манфиатдор, институтҳои молиявии байналмилалӣ даъват намудааст, ки дар татбиқаш ширкат кунанд. Гул Шералӣ зикр кардааст, ки айни замон Бонки умумиҷаҳонӣ ва Бонки Рушди Исломӣ омодагияшонро барои татбиқи лоиҳа изҳор намуданд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |