“Дар амалиёти Хоруғ 20 сокини осоишта кушта шуда буд”
Дидбони ҳуқуқи башар ё Ҳюман Райтс Вотч бо гузашти тақрибан як сол аз ҳодисаҳои Хоруғ, маркази Бадахшон, мегӯяд, дар ин ноамниҳо 20 сокини осоишта ҷони худро аз даст дода буданд. Агарчӣ ба қавли ин созмон, мақомоти расмӣ теъдоди қурбониёни ин амалиёт аз ҳисоби сокинони осоиштаро ҳамагӣ шаш нафар донистаанд.
Human Rights Watch менависад, пас аз қатли генерал Абдулло Назаров, сардори Раёсати Кумитаи давлатии амнияти миллӣ дар Бадахшон, амалиёти ҳарбӣ дар ин минтақа оғоз гардида, дар натиҷа 67 нафар қурбони ин даргирӣ шудаанд. Ин созмон мегӯяд, ҳукумат ва созмонҳои ғайриҳукуматӣ дар мавриди теъдоди кушташудагон маълумоти гуногун доштанд.
Бино бар маълумоти расмӣ дар ҳодисаҳои Хоруғ 12 низомӣ, 30 афроди мусаллаҳ ва ҳудуди 6 сокини осоишта кушта шудаанд. Дар ҳамин ҳол Дидбони Ҳуқуқи Башар менависад, теъдоди умумии сокинони кушта шуда ба 20 нафар баробар буда, аз миёни низомиёни ҳукуматӣ 17 ва ҳамчунин 30 афроди мусаллаҳ кушта шудааст.
Даргирии мусаллаҳона миёни нерӯҳои ҳукуматӣ ва мухолифони мусаллаҳ дар Хоруғ моҳи июли соли гузашта, дар пайи қатли Абдулло Назаров рух дод. Дар ҷараёни ин даргирӣ Сабзалӣ Мамадризоев, раҳбари шӯъбаи бадахшонии ҲНИТ ва ҳамчунин Имумназар Имумназаров, яке аз фармондеҳони собиқ, кушта шуда, чанд тани дигар, аз ҷумла Шерик Карамхудоев (раҳбари бахши ҲНИТ дар Хоруғ) ва дигарон боздошту зиндонӣ шуданд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |