Шоми дирӯз дар шимоли Тоҷикистон садамаи нақлиётӣ бойиси марги як кӯдак гардид.
Ронандаи автомашинаи тамғаи «УАЗ», Муҳаммадҷон Дабиеви 26-сола, аснои ҳаракат дар масири Ёва-Ғафуров (дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров) дар рӯ ба рӯи нуқтаи таъмини сузишвории ширкати «Тоҷирон» аз ӯҳдаи идораи нақлиёт набаромада, ба самти муқобили роҳ баромада ба автамашинаи тамғаи «Мерседес-Бенс» бармехӯрад, ки дар натиҷа мусофири сабукрав- Комрон Насриддинови 5- сола ҷароҳати вазнин гирифта, дар беморхона ба ҳалокат мерасад. Нодирҷон Муродов, масъули дафтари матбуоти БДА ба «Озодагон» гуфт, шабонарӯзи гузашта дар роҳҳои автомобилгарди ҷумҳурӣ 3 садамаи нақлиётӣ ба қайд гирифта шудааст, ки бар асари ин садамаҳо 1 нафар ҷони худро аз даст дода 3 ноболиғи дигар ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, ба беморхонаҳо интиқол дода шудаанд.{jathumbnail off}
Мӯҳр