Бахшҳо

Маҳал –> деҳа –> авлод –> боигарӣ... ва баъд дониш. То кай?

Баъзан матолиби нашрияҳову торнамоҳои тоҷикиро мехонему бӯи маҳалгароӣ сахт ба машомамон мерасад. Зоҳиран, ҳанӯз дар кишвари мо баҳси хуҷандию ғармию кӯлобию бадахшӣ ба поён нарасидааст.

Дар ҳоле ки ҳоло аксари миллатҳо талош бар он доранд, тамоми маҳалҳояшонро муттаҳид намудаву миллаташонро аз ҳар гуна хатар ва пешомадҳои бад нигаҳ доранд. Мо, тоҷикон, ҳанӯз якдигарро бегона мепиндорему даъвои онро дорем, ки дар тақдири давлатамон кадом як минтақаи кишвар гунаҳкор аст.

Бояд иқрор шуд, маҳалгароӣ як падидаи номатлубест, ки маънои дӯст доштани Ватанро надорад. Касе фақат маҳалли худро дӯст медораду онро аз ҳар маҳалли дигар боло мегузорад, ба ҳеч ваҷҳ Ватанро дӯст дошта наметавонад. Мутаассифона, ин эҳсос ва андеша дар миёни тоҷикон васеъ паҳн шудааст.

Дар гузаштаи начандон дур тоҷикони шимоли кишвар, тоҷикони ҷануб ва ҳамин тавр тоҷикони шарқи кишвар, зери тобеи ҳар бекигариву хонигарӣ ва аморате алоҳида арзи ҳастӣ мекарданд ва онҳоро тақрибан чизе муттаҳид намекард. Бо вуҷуди он ки мо имрӯз зери парчами давлати мустақил зиндагӣ мекунем, якдигарро то ҳол бегона меҳисобем ва то як дараҷа боварӣ намекунем. Ин аст, ки касе сари ҳукумат, вилоят, ноҳия ё умуман чӣ соҳае наояд, «худиҳоро» дар гирдаш ҷамъ мекунад ва ҳаимн тавр «хавфи танҳоиро» бартараф менамояд.

Дар кишвар қонуне ба мисли манъи фаъолияти хешу таборҳо дар як идора роҳандозӣ шудааст, аммо кам ба назар мерасад, ки ин меъёри қонунгузорӣ ба назар гирифта шавад. Айни ҳол падидаи маҳалгароие, ки мебинем, дар сатҳи давлатӣ васеъ паҳн шудааст ва вазифаҳо гӯиё аз рӯи маҳал тақсим карда мешаванд, як падидаи маъмулӣ аст ва бояд дар таҷрибаи давлатдорӣ, мо онро паси сар намоем.

Аз таҷрибаи асримиёнагии давлатдории Рус чунин бармеояд, ки онҳо ин марҳиларо кайҳо паси сар кардаанд. Пештар дар давлати Рус вазифаҳои давлатӣ аз рӯи мансубияти маҳал –> деҳа –> авлод –> мақоми хешовандӣ -> боигарӣ -> дониш (дар навбати охир) тақсим карда мешуданд. Русҳо ин намуди маҳалгароии идоракуниро аз Лаҳистон кӯркӯрона пайравӣ намуданд. Ва бо гузашти вақт дарк намуданд, ки ин ба нестии давлат бурда мерасонад ва ниҳоят соли 1682 бо қарори махсус идоракунӣ ва интихоби давлатмардон аз тариқи маҳал хотима дода шуд.

Шояд бо гузашти 20 сол аз соҳибдавлатии тоҷикон оҳиста оҳиста ин раванд низ хотима ёбад ва ба маҳалгароӣ миёни тоҷикон хотима бубахшад, ки ҳамаи онҳо на барои як маҳаллу авлоди худ, балки барои ҳашт миллион сокини Ватанашон хидмат кунанд.

Сиёвуш НАБОТОВ, аспиранти риштаи ҳуқуқшиносии Донишгоҳи кооперативии шаҳри Новосибирски Русия;
Замониддин НАСРИДДИНОВ, аспиранти Донишгоҳи давлатии иктишофи геологии Русия
Мӯҳр
Бале бародари гироми ин падидаи номатлуб дар хуну пусти мо точикон чой шудааст, ки ин окибати хуб надорад. барои мисол бо як бародар ба Хучанд сафар кардем ва фахмиданд, ки мо аз Душанбе хастем ба мо савол медоданд, ки Шумо аз Точикистонед? Мо аз ин савол дар таачуб мемондем ва мегуфтем, ки оё вилояти Сугд дар Точикистон дохил намешавд.

"Касе маҳалли худро дӯст медорад, ба ҳеч ваҷҳ Ватанро дӯст дошта наметавонад. Зеро вай ҷаҳонбинии хеле тангро инъикос мекунад".
Дар ин навиштаи хуб танхо чумлахои болост, ки на факат галат, балки зиёновар хам хаст. Баръакс танхо касе Ватанро дуст дошта метавонад, ки махал ва зодгохи худро самимона дуст медорад. Танхо касе модарони дигарро дуст медорад ва эхтиром мегузорад, ки модари худро дуст медорад.
Махалли худро дуст доштан махалгарои нест, махалгарои махалли худро боло гузоштан аз махаллхои дигар, кадрхои бесаводи зодгохи худро бартари додан бар кадрхои кордон ва донишманди махалхои дигар аст. Хукумат ташкил додан аз хешу табор ва хамшахрихои худ - ин аст махалгарои.....

Камол
Ба Абдукодири Рустам,
Ака чи кор мекунед хато дарк карда хато иктибос оварда хато тафсир карда шиштана.
О дуруст хонед чи навишта шудааст, чумлаи иктибос овардаи Шумо умуман дар матн во намехурад.

Абдукодири Рустам,
Зик нашавед аспиранто ешан холе, дафъаи дигар ба тази чумлабанди эътибор хоханд дод))))) Сиевуш нагз нагз хон, ки шармандамон накуни бо

Дустон рост мегуед, намедонам ин махалгарои кай хотима меебад, бадбахтии кор дар он аст ки ин махалчиги руз ба руз дар байни чавонони маълумотдору вазифабадуш афзун шуда истодааст, аз баъзе шахсон суол мекунам мегуянд,ки "чавонони махалчи ба худ устоди махалгаро доранд, ки дар хар донищкадаву донишгох онхоро тайор мекунанд е ба кавле он фармоишист"ба хар сурат зи паи ин мавзуи шудан азми бузургест дустони чонии ман. Саидриддин,

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)