Ҳамсар ва модари собиқ вазири тоҷик гуруснанишинӣ эълон карданд
Ҳамсар ва модари Равшан Собиров, вазири собиқи рушди иҷтимоӣ ва раҳбари ҷамъияти тоҷикони Қирғизистон, зимни гирдиҳамоӣ дар Бишкек гуруснанишинӣ эълон кардаанд.
Тавре хабарнигори бахши русии “Озодагон” аз ҷойи ҳодиса хабар дод, модари 80-солаи Равшан Собиров ва ҳамсараш Оинагул Собирова гуруснанишинӣ эълон кардаанд. Дар паи ин ба назди пайвандони Собиров вакили парлумон Чинибой Турсунбеков ва баъдан раҳбари ҳизби ҳокими қирғиз “Ота Макон” баромада, ваъда додаанд, ки барои ҳалли қазияи Собиров мусоидат хоҳанд кард. Айни ҳол ба гуфтаи хабарнигори “Озодагон” гирдиҳамоӣ ба анҷом расид.
Қаблан, хабар расид, ки Равшан Собиров дар эътироз ба ҳукми ахири Додгоҳии олии Қирғизистон даст ба гуруснанишинӣ задаст.
Анорхон Собирова, модари собиқ вазир ҳам гуфта буд, ба қарори додгоҳ розӣ нест: «Ман 11 фарзанд ба воя расондам ва ҳамаи онҳо тарбияи хуб гирифтаанд. Ҳеч кадоми онҳо пули одами бегонаро намегиранд, Равшан ҳам ҳамчунин».
Ахиран, Додгоҳи олии Қирғизистон ҳукми Додгоҳи шаҳри Бишкекро дар бораи Равшан Собиров, вазири пешини рушди иҷтимоӣ ва раҳбари ҷамъияти тоҷикони ин кишвар, бетағйир боқӣ гузошт. Ҳафтуми марти соли 2013 Додгоҳи шаҳри Бишкек мурофиаи Равшан Собировро ба поён бурда, ӯро ба панҷ соли зиндон маҳкум кард. Ин додгоҳ ҳамчунин гуфта буд, тамоми амволи Собиров бояд мусодира гардад.
Равшан Собиров ба он айбдор шудааст, ки дар замони вазири рушди иҷтимоии ин кишвар буданаш гӯиё ба ришвахӯрӣ даст задааст. Парванда алайҳи ӯ бо нишондоди собиқ ёвараш, Тоҳир Мирзоаҳмадов оғоз гардид, ки 4-уми июли соли 2012, зимни гирифтани ришва аз як ширкати итолиёвӣ дастгир шуд. Ӯ изҳор доштааст, ки маблағро бо дастури Собиров гирифтааст, вале баъдан эътирофоташро ба манфиати Равшан Собиров тағир дода буд.
Равшан Собиров, ки моҳи декабри соли 2011 вазири рушди иҷтимоии Қирғизистон таъин гардид, моҳи июли соли 2012 дар робита ба иттиҳомот дар фасодкорӣ муваққатан аз ин мансаб барканор гардид. Ӯ панҷуми июли соли 2012 боздошт ва ба боздоштгоҳи Кумитаи амнияти миллии Қирғизистон интиқол ёфт. Додгоҳи ноҳияи Первомайски Бишкек, Собировро моҳи ноябри соли 2012 «сафед» эълон кард. Аммо додситонии кулли Қирғизистон парвандаи Собировро аз нав ба баррасӣ гирифта, ба додгоҳ ирсол намуд, ки бо панҷ сол ҳукми зиндон ва мусодираи амволаш поён ёфт.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |