Бахшҳо

Бозор Собир: Аз мадди назари ҳукумат дур набудан бароям бас аст! (АКС)

Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, пас аз нуздаҳ соли ғурбати Бозор Собир, ӯро дар Қасри Миллати шаҳри Душанбе ба ҳузур пазируфт.

Оқои Раҳмон дар лаҳзаҳои аввали сӯҳбаташ бо Бозор Собир гуфт, борҳо барои баргаштани ӯ паёму дархост фиристода буд. Аз ҷумла, ба гуфтаи ӯ, дар чанд соли пеш тавассути Талбак Назаров, вазири собиқи умури хориҷӣ, хоста будааст, то ин шоири ғариби тоҷик ба Ватан баргардад. Бозор Собир ҳам дар навбати худ ба президент як китоби шеърашро тақдим карда, барои ин даъват аз ӯ сипсогузорӣ кард.

Бозор Собир пас аз анҷоми сӯҳбати нимсоатааш бо президент Раҳмон, ҳамагӣ чанд дақиқа дар рӯбарӯи хабарнигорон истода, ба суоли онҳо посух гуфт. Вай дар мавриди мӯҳтавои сӯҳбаташ бо президент гуфт, “сӯҳбати мо сӯҳбати ду фарзанди як хонавода ва сӯҳбати дӯстонаву бародарона. Як вохӯрии олиҷаноб доштем. Ман саддарсад аз муҳтарам раисиҷумҳур миннатдорам. Ташаккур, ки суроғи маро гирифт. Мо бегона нестем. Мисли як оила суҳбат кардем.”

Ин шоири тоҷик дар мавриди ин ки оё даъватҳои қаблии раисиҷумҳур то ба ӯ расида буданд ва оё на, гуфт, “қаблан ҳам даъват шуда будам. Вале барои бозгашти ман вазъият хуб набуд. Он даъватҳо дар замоне буданд, ки ҳанӯз барвақт буд. Ман гуфтам, инро барои ягон вақти мувофиқтар монем. Аммо ин дафъа аз тариқи сафири Тоҷикистон дар Амрико даъват шудам. Бевосита сафир ба хонаи ман омад ва масъаларо фаҳмонд. Гуфтам, аз ин кор мамнунам.”

Ӯ дар ҳузури хабарнигорон бори дигар аз раисиҷумҳур барои ин даъват изҳори сипос кард ва афзуд, “ман аз ин кор комилан миннатдорам. Мамнунам, ки аз эътибори ҳукумат берун набудаам. Аз мадди назари ҳукумат дур набудан барои ман бас аст!”

Бозор Собир, шоири машҳури тоҷик, ки имсол ба синни 75 мерасад, бегоҳи 27-уми май ба Тоҷикистон бозгашт. Ӯ дар фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Душанбе бо хабарнигорони расонаҳои мустақил сӯҳбати кӯтоҳе анҷом дод ва гуфт, дар бораи зиндагии доимиаш дар Тоҷикистон, ҳанӯз тасмими дақиқе нагирифта ва намедонад чанд муддат дар кишвар хоҳад буд.

Ин шоири шинохтаи тоҷик, ки дар охири солҳои ҳаштоду аввали солҳои навадум дар саргаҳи ҳаракати озодихоҳиву истиқлолхоҳӣ буд, дар даврони даргириҳои дохилӣ ва баъд аз чанд муддати зиндон Тоҷикистонро тарк карда, аввал дар Маскав ва баъдан дар Амрико зиндагӣ ихтиёр намуд. Бозор Собир 20-уми ноябри соли 1938 дар деҳаи Сӯфиёни ноҳияи Файзобод ба дунё омада, баъд аз хатми Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар соли 1962, дар маҷаллаҳои “Маориф ва маданият” ва “Садои Шарқ” фаъолият кардааст. “Хуни қалам”, “Аз гули хор то симхор”, “Оташбарг”, “Бо чамидан бо чашидан”, “Чашми сафедор”, “Офтобниҳол” аз гулчини ашъори Бозор Собир аст.

Бозор Собир: Аз мадди назари ҳукумат дур набудан бароям бас аст! (АКС)

Бозор Собир: Аз мадди назари ҳукумат дур набудан бароям бас аст! (АКС)

Бозор Собир: Аз мадди назари ҳукумат дур набудан бароям бас аст! (АКС)

Бозор Собир: Аз мадди назари ҳукумат дур набудан бароям бас аст! (АКС)

Бозор Собир: Аз мадди назари ҳукумат дур набудан бароям бас аст! (АКС)

Бозор Собир: Аз мадди назари ҳукумат дур набудан бароям бас аст! (АКС)

Бозор Собир: Аз мадди назари ҳукумат дур набудан бароям бас аст! (АКС)



Мӯҳр
Чавон
Акунун хаминхели сухбатхои фарзандони дигар миллатхам ташкил шавад хуб аст.Аз кабили Хочи Акбар Турачонзода Зайд Саид Мухиддин Кабири Рахматулло Зоиров Додочони Атовуло ва дигарон .....

Салом
Дӯсти азизи салом.
Хушомади бар ватани худат Тоҷикистон. Борҳо аз ҳукумат интиқод карди ва дубора ба даъвате омади ,ки азин бад мисли як силоҳ барои дар корзори интихобот итстифода мешави ва афсус, ки дигар суханат барои мо ва дигарон асаре надорад ва касе дигар ба "шумо" гӯш намеунад.

Точикбача
Пиндори нек рафтори нек гуфтори нек .чаноби бозор собир . На ин ки пиндор дигар рафтор дигар гуфтор дигар.

Одам дохили бино ки шуд бояд аз болои сараш шляпаро гирад.

Зирак
Посух ба Шердил, Ин шляпа ба қавли худи шоир шляпаи Ленинай

Чавон,
Ин шоир чи хеле ки мегуфтанд девона певона нестай. Вай ба ақлу ҳушёр будай, ки аз пешниҳоди Чаноби Олӣ ру нагардондай. Кадом одами ҳушёр аз мошину дачаву имтиёзҳои пешниҳодшуда ру мегардонад?

Шояд баъд аз сухбат бо Бозор Чаноб ба хулосае ояд, ки бигзор хамаи фарзандони Фарзонаи миллат чи демократ, чи комунист чи олим чи исломи агар номашон Зайд Саидов, Раматуло зоиров, Мухидин Кабири, Атовулои Додочон Хам бошанд бигзор дар ободонии кишавр сахм бигиранд. ТО ба кай намояндагони як махал Точикистонро "обод" мекнанд. Максад аз ташрифи ин "зиёи" бозор дар он аст, ки корхои фахмондадихи кунад. Хубу ганда дар Амрикои озод ин кадар сол зиндаги кардааст, Шояд барои Хукуматдорони давр ягон армугон овардааст, ки ба инхо бигуяд, ки давлатдори дар асри 21 читавр барох монда мешавад.

тоҷик
ман аз пеш дар гумон будам, ки ин "шоир"и аз ватан берун мисли Сложенитсини рус аст, ки баҳри миллат ранҷ мекашад ва бо даст додани нахустин фурсат аз дарди ҳаммиллатони худ дар дохилу хориҷ ба ҷаноб "дарди дил" мекунад. аммо афсус, ки ман хато кардам ва бо дидани ҷумлаи "Мамнунам, ки аз эътибори ҳукумат берун набудаам." дасту дил аз ин шахсияти номдор шустам. чун аз ин суханон бӯйи худбинӣ ва нафсонияти шахсӣ меояд ва маълум мегардад, ки ин "шоири номдор" дар ин муддати пешин баҳри худ мезистаасту танҳо аз "аз эътибор дур будани худ" менолидааст.....
Худоё, "номдорони ин миллатро" бедор кун ва худашонро ба худашон шиносон, то донанд, ки дар асл кистанду рисолати эшон чист........

Заррина
Бозор Собир, мо хаводорони шеъри шумо хеле хам шодем, ки ба Ватан баргаштед, мо ин бозгашти Шуморо солои сол интизори мекашидем. Чаноби Оли боз як бори дигар исбот намуд, ки у барои такдири хар як точики дар хорич буда, бетараф нест. Хусусан дар давоми ин 19 соли хичрати Шумо мо медидем, ки дар хар як чорабинхои хукумати, намоишхои телевизиони аввал шеъри Бозор садо медод.

Ҳайфи Бозори собиқ.
Бозор дигар Бозор нест,
У дигар шоири афгор нест.
Бозори мо бозорӣ шуд,
Бозори мо дарборӣ шуд
Шоир агар чандрӯя шуд
Умед аз ӯ барканда буд.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)