Интиқоди вазир аз ҷудо нашудани замин ба оилаҳои "хезондашуда"
Низом Ҳакимов, вазири нақлиёти Тоҷикистон дар ҷаласаи назоратии вазорат, натиҷаи кори ҳайати комиссия дар нақби Шаҳристонро шунида барои ислоҳи камбудиҳои ошкоршуда дастур додааст.
Тибқи итттилои Вазорати нақлиёт, ҳайати комисия аз остонаи вуруд то баромад дохили нақбро пурра санҷидаву муоина намуда, нуқсонҳоро, аз қабили аломатгузориҳо, пайваст нашудани асбобу дастгоҳҳои дохили нақб бо маркази электронии идора, иваз кардани банди лӯлаи обдиҳии оташнишони сохти чиноӣ ва амсоли инҳоро ошкор намудаанд.
Ҷумъахон Зуҳуров, муовини аввали вазир иброз доштааст, ки корҳои асосии сохтмонӣ дар Шаҳристон аслан бо сифати хуб ба анҷом расонида шудаанд ва ислоҳи нуқсонҳои ошкоршуда ҳам мушкиле нахоҳад дошт.
Низом Ҳакимов зимни ҷаласа раванди татбиқи лоиҳаҳои нақлиётии дигари кишварро низ баррасӣ карда, аз ҷумла хостори тезонидани сохтмони пулҳои селроҳаҳои шоҳроҳи Кӯлоб-Дарвоз шудааст. Баробари ин вазир супориш додааст, ки дар масири Душанбе - Турсунзода низ корро тезонда, мумфаршхобониро шурӯъ кунанд.
Ба иттилои Вазорати нақлиёт, “дар ҷаласа изҳор гардид, ки дар ин масир ва шоҳроҳи таҷдидшавандаи Айнӣ-Панҷакент низ ҳанӯз масъалаи бо замин ( қариб 60 гектар) таъмин нашудани соҳибони хонаҳои аз шафати роҳ бардошташаванда бо ҳукуматҳои маҳаллӣ пурра ҳаллу фасл нашудааст. Супориш дода шуд, ки ин мушкилот омӯхтаву таҳлил ва ба анҷом расонида шавад».
Низом Ҳакимов инчунин сардорони раёсатҳо эрод гирифта, гуфтааст, ки чаро ба сафарҳои хидматӣ танҳо рафта, кормандони хешро намебаранд. Вазир гуфтааст, ҳамаи кормандон бояд бо иншооту маҳалли кору фаъолиятҳои соҳа аз наздик шинос шаванд ва таҷриба гиранд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |