Боздошти сӣ нафар дар пайи муноқишаи тоҷикону озариҳо
Пулиси Русия сӣ нафарро дар пайи муноқишаи гуруҳи муҳоҷирони тоҷик ва озариҳо дар шаҳри Екатеринбург боздошт ва мавриди бозпурсӣ қарор додааст. Ба навиштаи расонаҳои русӣ ин муноқиша шоми 29-уми май рух додааст.
Пулис мегӯяд, ин гуруҳи тоҷикону озариҳо бо корд, чӯби бейсболӣ ва ҳатто таппонча мусаллаҳ буданд. Нашрияи “Москосвкий комсомолец” менависад, низоъ байни тоҷикону озариҳо на ба хотири хусумати миллӣ ва криминалӣ (ҷиноӣ), балки ба хотири “кӣ зӯртар аст?” ба амал омада.
Дар ин муноқиша ҳам тоҷикон ва ҳам озариҳо ҷароҳат бардоштаанд. Аммо хабаргузории AZE.az менависад, низоъ танҳо ба хотири ҷойи фурӯш дар яке аз бозорҳо ба амал омадааст.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |