HRW: Ҳукумати Тоҷикистон дар дасти намояндагони як минтақа аст

Ҳюман Райтс Вотч (Human Rights Watch) дар гузориши тозаи худ Тоҷикистонро “кишвари худкома” номида, мегӯяд, ҳукумат зери идораи намояндагони як минтақа ва наздикони Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури кунунӣ, қарор дорад.
Ин созмони ҳомии ҳуқуқи инсон менависад, ҳукумати Тоҷикистон гуногунандешии сиёсиро маҳдуд кардааст, агарчӣ Қонуни асосии он низоми бисёрҳизбиро тазмин мекунад. Ба унвони далел, гузоришгарони Ҳюман Райтс Вотч аз тақаллубкориҳои ҳизби ҳоким (ҲХДТ) дар интихоботи парлумонии соли 2010 мисол овардаанд.
Human Rights Watch дар хулосаи гузориши худ муносибати ба гуфтаи онҳо “бераҳмонаи мақомот нисбат ба боздоштшудагон, хушунат алайҳи занон, маҳдудияти дастрасӣ ба иттилоот, озодии баён, масдудкунии шабакаҳои иттилоотии мустақил ва иҷтимоиву маҳдудияти озодии виҷдонро” аз намунаи намоёни нақзи ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон хондааст.
Гузоришгарони ин созмон ҳамчунин аз фасоди густарда, қочоқи инсон, беадолатии додгоҳӣ, имконнопазир будани боздиди нозирони байналмиллалӣ аз маҳбасхонаҳо, вазъи нигаронкунандаи зиндонҳо, эҷоди маҳдудият барои дониши динӣ гирифтани кӯдакон ва ҳамчунин маҷбур намудани гурӯҳе аз шаҳрвандон ба танфурӯшиву кори иҷборӣ дар Тоҷикистон изҳори нигаронӣ кардааст.
Бино ба таҳлили Human Rights Watch дар Тоҷикистон мансабдоронро барои нақзи ҳуқуқи инсон хеле кам ба ҷавобгарӣ мекашанд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |