Узбакистон Рӯзи ҳифзи ҳуқуқи кӯдакро бо палав ҷашн мегирад
Анҷумани таббохон ё ошпазҳои Узбакистон тасмим гирифтааст, Рӯзи ҷаҳонии ҳифзи ҳуқуқи кӯдаконро бо оши палав таҷлил намояд.
Бино ба иттилои расонаҳо, ин ташаббуси анҷуман дар осоишгоҳе дар шаҳри Тошканд якуми июн зери шиори «Табассуми кӯдак-ҷоизаи беҳтарин!» баргузор мешавад. Дар ин маҳфил овозхонҳои шинохта, ҳунармандони шинохтаи театр ва чеҳраҳои матраҳи Узбакистон ҷамъ омада, аз Рӯзи ҷаҳонии ҳифзи ҳуқуқи кӯдакон ҷашн мегиранд.
Ташаббуси Анҷумани таббохони Узбакистон дар ҳолест, ки чанд сол мешавад, созмонҳои байналмилалӣ ин кишварро дар нақзи ҳуқуқи кӯдакону наврасон муттаҳам мекунанд. Бино ба иттилои онҳо, мақомоти Узбакистон аз нерӯи кӯдакон дар ҷамъоварии ҳосили пахта истифода мекунад.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |