Посбони маҳбас барои марги Ҳамза Икромзода панҷуним сол гирифт

Додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт Маҳмуд Исмоилов, корманди зиндони рақами аввали Душанберо, дар марги Ҳамза Икромзода муҷрим шинохта, ба панҷ солу шаш моҳи зиндон маҳкум кардааст. Ҳамза Икромзода, сокини 27-солаи деҳаи Хирманаки ноҳияи Ҳисор, тирамоҳи соли гузашта дар зиндони рақами аввали Душанбе фавтида буд.
Дар ин бора ба “Озодагон” Амиралӣ Икромзода, бародари Ҳамза, хабар дод ва гуфт, ин ҳукми додгоҳ дар боздоштгоҳи Сарраёсати ислоҳии Вазорати адлияи Тоҷикистон эълон шудааст. Аммо Амиралӣ гуфт, онҳо аз ин ҳукми додгоҳ розӣ нестанд ва талаб доранд, се шоҳиди аслии марги бародараш, аз ҷумла Суннатулло Ризоев ва Садриддин Тошев, низ пурсида ва ҳарфи онҳо ба парванда илова шавад. Ба қавли ӯ, ин шоҳидон соли гузашта аз зиндони рақами аввали Душанбе ба маҳсбаси сеюми Хуҷнад интиқол ёфта будаанд.
Ин дар ҳолест, ки наздикони Маҳмуд Исмоилов низ аз ҳукми додгоҳ норизоӣ карда, онро “ноодилона” хондаанд. Онҳо гуфтаанд, додгоҳ баёноти шоҳидонро нодида гирифта ва “ҳукмро яктарафа баровард ва шахси бегуноҳро равонаи зиндон кард.”
Ҳамза Икромзода моҳи сентябри соли 2012 дар зиндони рақами аввали шаҳри Душанбе ба таври мармуз ба ҳалокат расид. Мақомот онро як худкушӣ донистанд, вале хонаводааш ба ин боваранд, ки ӯ аз сӯи маъмурони зиндон ба ҳалокат расидааст.
Дар акс: Ҳамза Икромзода, сокини деҳаи Хирманаки ноҳияи Ҳисор, ки тирамоҳи соли гузашта дар зиндони рақами яки Душанбе фавтида буд
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |